Мақомоти эронӣ нагузоштанд маросими ёдбуди Маҳсо Аминӣ барпо шавад
Мақомот дар Эрон пеши роҳи наздикону ҳаводоронро барои барпо кардани маросими ёдбуди Маҳсо Аминии соли 2022 дар идораи полис даргузашта гирифтанд. Радио Фардо менависад, 16 сентябр, ки рӯзи марги духтари 22-сола дониста мешавад, падари Маҳсо – Амҷад Аминиро ба идораи полиси шаҳри Саққиз дар Курдистони Эрон даъват ва аз ӯ тақозо карданд, ки ба хотири ёдбуди духтари ҷавонмаргаш ҳеҷ маросиме барпо накунад. Маҳсо Аминӣ баъди боздошташ аз ҷониби ходимони полиси ахлоқ дар Теҳрон бо иттиҳоми бадҳиҷобӣ дар шароити мармуз ҷон дод.
Наворҳои видеоии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки рӯзи 16 сентябр фурӯшгоҳҳо дар Саққиз баста буданд ва гуфта мешавад, ки ба нишони ёдбуд аз марги ин духтари ҷавон тоҷирон коршиканӣ карданд.
Як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки аз рӯзи 14 сентябр ба ин сӯ дар наздикии хонаи Аминӣ ходимони амниятӣ истода ҳама гуна ҳаракату рафту омади мардумро назорат мекарданд. Ин манбаъ инчунин гуфт, ки амниятиҳо роҳро ба сӯи қабристони Ойчӣ, ки Маҳсо он ҷо дафн шудааст, бастаанд. Зиёрати қабри Маҳсо ҳам барои аҳли хонавода ва ҳам дигарон манъ шудааст.
Манбаъҳои Радио Фардо мегӯянд, ки мақомот бо талоши масдуд кардани роҳ ба сӯи қабристон сатҳи оби дарёи Саққизро аз ҳисоби боз кардани захираҳои оби обанбори Чароғи вайс зиёд карданд.
Айни ҳамин корро соли гузашта ҳам дар солгарди дуюми марги Аминӣ карда буданд. Ҳалокати духтаре, ки мақомот ӯро гӯё барои нодуруст бастани ҳиҷоб дар Теҳрон боздошт кардаву дар он ҷо ҷон дод, боиси эҷоди бесобиқатарин эътирозҳо дар таърихи низоми Ҷумҳурии Исломӣ гардид.
Мардуми зиёде давоми моҳҳои дароз зидди ҳукумати мазҳабӣ, аз ҷумла раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманеӣ ба кӯчаҳо рехтанд. Ҳукумат бо саркӯб вокуниш кард ва дар натиҷа, беш аз 500 кас куштаву 20 ҳазор кас боздошт гардид. Human Rights Watch бо нашри гузорише дар остонаи сесолагии марги Маҳсо гуфт, бо гузашти вақт ҳам мақомот дар Эрон таҳқиқи муассир, бетарафона ва мустақилонаи ҳолатҳои ҷиддии вайрон шудани муқаррароти ҳуқуқи инсонро дар паи эътирозҳое бо шиори “Зан, зиндагӣ, озодӣ” барпо накарданд.