Шӯрои Амният қатъномаи лағви таҳримҳо алайҳи Эронро рад кард
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 19 сентябр бо 9 раъйи мухолиф қатъномаеро, ки барои пешгирӣ аз дубора ҷорӣ шудани таҳримҳои СММ алайҳи Эрон бинобар барномаи ҳастаияш пешниҳод шуда буд, рад кард.
Аз ин қатънома, ки аз сӯи Кореяи ҷанубӣ, раиси феълии Шӯрои Амният пешниҳод шуд, Русия, Чин, Алҷазоир ва Покистон пуштибонӣ карданд. Ду кишвар аз раъй додан худдорӣ намуданд. Ин қатънома барои пешгирӣ аз иҷрои таҳримҳо дар поёни моҳи сентябр, ба дастикам 9 раъй ниёз дошт.
Бо рад шудани ин қатънома, замина барои дигарбора ҷорӣ шудани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон фароҳам мешавад.
Баъд аз тасмими рӯзи ҷумъаи Шӯрои Амнияти СММ, Эрон ва се кишвари аврупоӣ -- Фаронса, Олмон ва Бритониё, ҳашт рӯз мӯҳлат доранд, то барои ба таъхир андохтани бозгашти таҳримҳо, ба созиш бирасанд.