Дархости Раиси Дума аз муҳоҷирон: оилаи худро ба Русия наоред
Раиси Думаи давлатии Русия аз пешниҳоди манъи вуруди оилаҳои муҳоҷирон ба ин кишвар пуштибонӣ кардааст. Вячеслав Володин гуфтааст, муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд набояд аъзои хонаводаи худро бо худ оранд.
Пешниҳоди манъи вуруди оилаи муҳоҷирон ба Русия чанд рӯз пеш дар вохӯрии Владимир Путин бо намояндагони порлумони Русия садо дод. Сергей Миронов, раҳбари яке аз ҷиноҳҳои Думаи давлатӣ, ки бо мухолифати шадидаш ба ҳузури муҳоҷирони корӣ ном баровардааст гуфт, муҳоҷирон фарзандони худро ба Русия меоранд ва ин ҳолат таҳсил дар мактабҳоро мушкил мекунад.
Вячеслав Володин, раиси Дума пурсидааст, муҳоҷирон барои кор ба Русия меоянд, пас чаро аъзои оилаи худро ҳамроҳ меоранд?
Давлати Русия давоми як соли ахир қонунҳои сахтгиронае барои муҳоҷирон қабул кардааст, ки як қисми онҳо ба хонаводаҳои онҳо рабт мегирад. Аз ҷумла шуруъ аз имсол фарзандони муҳоҷирон танҳо баъди супоридани имтиҳон аз забони русӣ ба мактабҳо қабул мешаванд. Баъди ин тасмим беш аз 87 дарсади фарзандони муҳоҷирон имсол натавонистанд дар мактабҳои Русия таҳсил кунанд.