Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2025
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25
26
27
28
29
30
31

Боздошти як мард дар Душанбе ба гумони дастдарозӣ ба як кӯдаки 5 сола

0

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти як марди калонсол бо гумони дастдарозӣ ба як кӯдаки 5 сола хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, сокини 57-солаи пойтахт рӯзи 4-уми октябр дар ҳолати мастӣ ба кӯдаке, ки машғули бозӣ буд, ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.

Нисбати мард, ки ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст, бар асоси моддаи "ҳаракати бадахлоқонаи шаҳвонӣ" нисбат ба ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Барои ин амал аз 2 то 5 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Мавқеи марди гумонбар маълум нест.

Cолҳои охир хабарҳо аз озори ҷинсии ноболиғон бештар расонаӣ мешаванд. Бино ба оморе, ки дар гузориши Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки тоҷик оварда шудааст, соли 2024 дар кишвар 88 ҷинояти марбут ба озори ҷинсиву дигар ҳаркатҳои бадахлоқона нисбат ба ноболиғон сабт шудааст. Дар 41 ҳолат нисбати кӯдакон ҳаракатҳои бадахлоқона раво дида шудааст.

Ваколатдор ё Омбудсмени ҳуқуқи кӯдак ҳачунин ба он таъкид кардааст, ки дар як сол 17 наврас мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Вай ин вазъро ташвишовар хондааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар чунин ҳолатҳо на ҳама хонаводаҳо зуд ба мақомот шикоят мебаранд ё гоҳе худдорӣ мекунанд, огоҳон бар ин назаранд, ки омори ҷиноятҳои вобаста ба озори ҷинсӣ метавонад аз омори расмӣ бештар бошад.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса