Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2025
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26
27
28
29
30
31

Бонки ҷаҳонӣ хисороти зилзилаи Афғонистонро $182 млн гуфт

0

Бонки ҷаҳонӣ эълон кардааст, ки зилзилаи 6-дараҷаии рӯзи 31 август дар вилоятҳои шарқии Афғонистон, ҳудуди 182 миллион доллар ба иқтисоди ин кишвар ворид кардааст.

Ин ниҳод дар гузорише, ки 24 октябр дар вебсайти расмиаш нашр кард, гуфтааст, ки аз ин зилзила биноҳои истиқоматӣ бештар зарар дидаанд ва арзиши ин хисорот ба 64,1 миллион доллар мерасад, ки 35 дарсад аз маҷмуи осебҳоро ташкил медиҳад.

Дар ин гузориш омадааст, ки биноҳои ғайриистиқоматӣ 45,5 миллион доллар, бахши кишоварзӣ 40,3 миллион доллар ва зербиноҳо 32,7 миллион доллар хисорот дидаанд. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, вилоятҳои Кунар ва Нангарҳор дар ин зилзила бештарин осебҳоро дидааст ва дар маҷмӯъ 97 дарсад аз тамоми зиёнҳо ба ин ду вилоят рост меояд.

Бонки ҷаҳонӣ ин зилзиларо яке аз маргбортарин ҳодисаҳои табиӣ дар Афғонистон аз соли 1998 то кунун хондааст.

Зилзилаи 31 август дар вилоятҳои шарқии Афғонистон, ба вижа Кунар ва Нангарҳо, ҳазорон хонаро вайрон ва сокинони онро беҷо кардааст. Бар асоси омори расмӣ, дар ин ҳодиса беш аз 2200 нафар ҷон бохта ва наздик ба 4000 тани дигар захмӣ шуданд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса