Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2025
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25
26
27
28
29
30

Кушта шудани фарди шумораи дуи "Ҳизбуллоҳ" дар ҳамлаи Исроил

0

Артиши Исроил эълон кард, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ дар атрофи Бейрут, пойтахти Лубнон, Ҳайсам Алӣ Табтабоӣ, марди шумораи ду дар гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро куштааст. "Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ниманизомӣ ва ҳамчунин як ҳизби сиёсӣ аст ва дар порлумони Лубнон намояндагони худро дорад.

Амрико "Ҳизбуллоҳ"-ро созмони террористӣ муаррифӣ кардааст ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии ин гурӯҳро шомили феҳристи сиёҳ кардааст.

Чанд соат пас аз ҳамлаи Исроил, ки баъд аз зуҳри 23 ноябр анҷом шуд, гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" дар баёнияе кушта шудани Ҳайсам Алб Табтабоиро, ки сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ин гурӯҳ шинохта мешуд, тасдиқ кард.

Амрико қаблан барои маълумоте, ки боиси боздошти Таботабоӣ шавад, панҷ миллион доллар таъйин карда буд.

Вазорати тандурустии Лубнон гуфтааст, ки дар ҳамлаи Исроил ба як бинои истиқоматӣ дастикам панҷ нафар кушта ва 27 тани дигар захмӣ шуданд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса