Ҳунарманди тоҷик: "Бигузоред соҳибкорон оромона кор кунанд"
Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи тоҷик, ки дар баробари ҳунармандӣ ба соҳибкорӣ низ машғул аст, дар як паёме дар саҳифаи инстаграми худ аз масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон хоҳиш кардааст, то имкон диҳанд мардум фаъолияти соҳибкории худро пеш баранд.
Ба навиштаи ӯ, соҳибкорон сари вақт маблағи андози худро месупоранд, вале баъзе намояндаҳои ин ниҳод айбҷӯӣ мекунанд ва онҳоро ором намегузоранд.
Ӯ дар идома гуфтааст, намедонад ба куҷо муроҷиат кунад ва изҳори умедворӣ кардааст, ки баъди навиштаи ӯ мақомот "дар ин масъала бо инсоф сӯҳбат мекунанд".
Масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон то кунун дар робита ба ин гуфтаҳои Зулайхо Маҳмадшоева вокуниш накардаанд.
Дар гузашта низ соҳибкорон борҳо аз гаронии молиёт ва тафтишҳои пай дар пай шикоят карда буданд.
Ба гузориши Оҷонси омори Тоҷикистон, аз 810 ҳазор ширкату соҳибкори инфиродӣ, ки дар "Равзанаи ягона"-и Кумитаи андоз сабт шудаанд, зиёда аз 400 ҳазори онҳо фаъолиятро бас кардаанд.
Бархе соҳибкорон аз дахолат ба корашон ва таваҷҷуҳ нашудан ба мушкилашон сӯҳбат мекунанд, ки боиси аз кор мондани ширкату корхонаи онҳо гаштааст.
