Соли 2026 Тоҷикистон 6 миллиард сомонӣ қарз мегирад
Тоҷикистон ният дорад, ки соли 2026 аз кишвар ва созмонҳои хориҷӣ 6,3 миллиард сомонӣ ё қариб 680 миллион доллар қарз гирад. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, то 1-уми октябри имсол ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 3,3 миллиард долларро ташкил додааст, ки назар ба аввали сол 151 миллион доллар камтар аст.
Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад соли оянда ҳудуди 5,1 млрд сомонӣ ё 548 миллион доллар қарзи хориҷиро баргардонад. Аз ин маблағ 3,3 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ва 1,8 миллиард сомонӣ аз ҳисоби ширкатҳои давлатӣ, аз ҷумла "Барқи тоҷик" бояд пардохта шаванд.
Тоҷикистон барои идомаи сохтмони неругоҳи "Роғун" ва чанд барномаи дигар ба гирифтани қарз аз хориҷ ниёз дорад.
Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Чин мебошад ва тибқи омори ахир Душанбе аз Пекин зиёда аз 700 миллион доллар қарздор аст. Қарзҳои зиёди Чин нигарониҳоеро ба миён оварда буд.
Тоҷикистон ҳамчунин аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд қарздор аст.
