Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Декабрь
2025
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Ба сокинон гуфтанд, дар як вақт аз 4 киловат зиёд барқ истифода набаранд

0

Мақомоти "Шабакаҳои тақсимоти барқ" бо ирсоли паёмак ба мардум, аз ҷумла сокинони Душанбе ҳушдор додаанд, ки агар онҳо дар як вақт аз 4 киловат бештар барқ истифода баранд, интиқоли барқ ба хонаҳояшон барои 30 дақиқа ба таври худкор қатъ мегардад. Ин муроҷиат ба сокиноне, рабт дорад, ки аз ҳисобгираки якфаза истифода мебаранд.

Аз истифодабарандагон хоста шудааст, ки дар як вақт аз чанд дастгоҳи барқӣ, мисли дарзмолу печҳо ва мошинаи ҷомашӯӣ истифода накунанд.

Мақомот зарурати кам кардани истифодаи барқро ба камшавии об дар дарёҳо рабт додаанд, ки ба гуфтаи онҳо ба ҳаҷми истеҳсоли он таъсир расондааст.

Шабакаҳои тақсимоти барқ дар паёмак ба сокинон гуфтааст, ин чораҳо муваққатӣ буда, ба хотири сарфаи об роҳандозӣ шудаанд.

Ҳафтаҳои ахир сокинони зиёде дар Душанбе аз мушкили бебарқӣ ва ҷорӣ шудани лимити шадид шикоят доранд. Дар бисёре аз ноҳияву минтақаҳои дигари Тоҷикистон сокинон мегӯянд, дар як шабонарӯз ҳамагӣ 1-3 соат барқ доранд.

Дар як номаи дигар, ки бо имзои раҳбари Шабакаҳои тақсимоти барқ ба мақомоти зертобеи он ирсол шудааст, гуфта шудааст, ки барқ тавассути ҳисобкунакҳои ҳушманд "мувофиқи навбат ва бо тартиби муайян аз системаи биллингӣ хомӯш карда мешавад".

Дар ин нома, ки нусхаи он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дастур шудааст, ки барқи корхонаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ аз соати 18 бегоҳ то оғози рӯзи корӣ қатъ шавад.

Ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати саркашӣ аз ин дастур, шахсони масъул муҷозот хоҳанд шуд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса