Вазорати мудофеа аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳии сокинон ба артиш хабар дод.
Ин ниҳод рӯзи 29 ноябр бо нашри иттилоияе гуфт, нақшаи даъват дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар пурра иҷро шудааст.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз якуми октябри оғоз шуд.
Вазорат аз чанд вилояту ноҳия барои иҷрои пеш аз мӯҳлати нақша тавсиф кардааст. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки бо талоши комиссияҳои даъватӣ ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба Артиши мепайванданд, сол то сол зиёд мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар ин даъват ҳам шикоят аз сарбозшикор кам набуд. Сокинон аз шаҳру минтақаҳои кишвар аз "облава" ва фишори мақомот норозигӣ мекарданд ва чанд ҳодисаи бо зӯр ва маҷбурӣ ба хидмат бурдани ҷавонон ҳам ба шабакаҳо роҳ ёфт.
Аз ҷумла, дар моҳи октябри имсол наворе пурбаҳс шуд, ки ба гуфтаи муаллифаш, лаҳзаи "облава"-и як ҷавон дар шаҳри Кӯлоб аст.
Вазорати дифои Тоҷикистон дар вокуниш гуфт, ҳодиса сарбозшикор набуд, балки лаҳзаи боздошти як гумонбар дар фурӯши маводи мухаддир буд.
Аммо наздикони ҷавони боздоштшуда даст доштани ӯ дар фурӯши маводи мухаддирро рад карда буданд.
