Пешниҳоди ҷорӣ кардани виза миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна
Сергей Миронов, вакили Думаи давлатии Русия дигарбора пешниҳоди ҷорӣ кардани виза барои кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ кард.
Вай дар барномаи яке аз телевизионҳои Русия дубора ба ин мавзӯъ таъкид намуда, пешниҳод кард, ки ин мавзӯъ бояд ба таври ҷиддӣ баррасӣ шавад.
Ба иддаои сиёсатмадори рус, сокинони маҳаллӣ дар бархе аз минтақаҳои Русия маҷбур шудаанд аз хонаву зодгоҳи худ кӯч банданд, чун муҳоҷироне, ки аз Осиёи Миёна омадаанд, он ҷо қонунҳои худро ҷорӣ кардаанд.
Ба пешниҳои ин вакил, муҳоҷирон бояд ба Русия фақат бо виза ё раводид роҳ дода шаванд. Вай қаблан пешниҳод карда буд, ки кишвар аз низомӣ патентӣ барои муҳоҷирон даст кашида, бо анҷоми кор, онҳо бояд ба ватанашон баргардонида шаванд.
Ин бори аввал нест, ки сиёсатмадорони рус пешниҳоди мекунанд, ки бо кишварҳои минтақа виза ҷорӣ шавад. Алексей Горовой, муовини вазири корҳои хориҷии Русия ҳам ин тасмимро муҳим хонда буд.
Русия бо Тоҷикистон ва давлатҳои дигари минтақа низоми бераводид дорад. Иддае аз коршиносон бар инанд, Русия ба нерӯи корӣ эҳтиёҷ дорад ва ин тасмим метавонад вазъро аз будаш бадтар кунад.
