Қонунгузорони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви ин ниҳод рӯзи 3-юми декабр дар масъалаи манъи пурраи воридоти газ аз Русия то тирамоҳи соли 2027 ба созиш расиданд. Иттиҳоди Аврупо дар пайи қатъи манбаъҳои асосие аст, ки буҷаи ҷанги Маскавро таъмин мекунад.