Барои Маҷлиси намояндагон 48 миллион сомонӣ харҷ шудааст
Соли 2025 барои фаъолияти Маҷлиси намояндагон, палатаи порлумонии Тоҷикистон 48 миллион сомонӣ ё 5,2 миллион доллар харҷ шудааст. Ин нукта дар гузориши роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон садо дод.
Дар ин гузориш, ки рӯзномаи порлумонии "Садои мардум" нашр кард, омадааст, барои Маҷлиси намояндагон 4 миллион сомонӣ бештар аз нақшаи пешбинишуда маблағ харҷ шудааст.
Дар ин гузориш омадааст, танҳо барои маоши вакилон ва кормандони Маҷлиси намояндагон беш аз 18 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Аммо роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҳаҷми маоши вакилони порлумонро фош накардааст.
Ҳаҷми маблағи пешбинишуда барои кори Маҷлиси намояндагон дар соли 2026 маълум нест. Дар гузориши расмӣ танҳо омадааст, соли оянда фақат барои маоши ҳармоҳаи вакилон ва кормандони маъмурии Маҷлиси намояндагон 1,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон 63 вакил ва 232 корманди техникӣ ва ёрирасон дорад. Тибқи Қонуни Асосии Тоҷикистон, тамоми қонун ва созишномаҳои байнулмилалӣ танҳо баъди тасвиб дар Маҷлиси намояндагон иҷроӣ мешаванд.
Мунтақидон порлумони Тоҷикистонро барои хомӯшӣ дар баробари мушкилиҳои ҷомеа ва бидуни баҳсу баррасӣ қабул кардани қонунҳо танқид мекунанд. Интиқоде, ки худи вакилон қабул надоранд.
Бештари курсиҳои Маҷлиси намояндагон дар ихтиёри Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва аҳзоби тарафдори ҳукумат ҳастанд. Ҳизби сотсиал-демократ, ки ягона ҳизби мухолиф дар кишвар гуфта мешавад, дар порлумон намоянда надорад.
