Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Додраси олитарин додгоҳи Тоҷикистон аз бинои нӯҳтабақа афтода, ҷон додааст

0

Ҷамшед Ҷамшедзода, яке аз додрасҳои Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ аз ошёнаи 9-уми биное дар шаҳри Душанбе афтода ҷон додааст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки ба маҳалли ҳодиса дар маҳаллаи Гулистон ва ё маъруф ба “Сирк” рафтанд, шоҳиди мардуми зиёде дар назди бинои баландошёна шуданд.

Чанде аз ҳозирон дар ин маҳал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Ҷамшед Ҷамшедзода, қабл аз нисфирӯзӣ аз хонааш аз табақаи 9-уми бино афтода, ҷон додааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Мо аниқ намедонем, ки тасодуфан афтодааст, ё худро партофтааст."

Як маъмури милиса дар ҷои ҳодиса низ афтодани додрасро тасдиқ кард, вале шарҳи бештар надод. Ӯ гуфт, тафтиши ҳодиса идома дорад ва ҷузъиётро баъдан маълум хоҳанд кард.

Ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷоза надоданд, ки вориди хона шаванд. Ҷамшед Ҷамшедзодаро соли 2019 бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, додраси Суди конститутсионӣ, болотарин додгоҳ интихоб шуд.

Додраси 52-сола зодаи деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа буда, солҳо дар муассисаҳои илмиву пажӯҳишии Тоҷикистон кор кардааст. Ҷамшед Ҷамшедзода, номзади илми ҳуқуқшиносӣ ва аз соли 2011 то соли 2019 узви узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон будааст. Ҳамсар ва се фарзанд доштааст.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса