Садама дар Қубодиён ҷони падари ҷавону ду тифли хурдсолашро гирифт
Дар як садамаи фоҷиабор дар вилояти Хатлон падари ҷавоне бо ду тифли хурдсолаш ҷон бохта ва танҳо яке аз онҳо зинда мондааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки садама шоми 9-уми январ дар ҳудуди ҷамоати Кайқубоди ноҳияи Қубодиён ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи вазорат, Ҷурабек Сафарови 32-сола ҳангоми ҳаракат дар мошин аз ӯҳдаи идораи мошин барнаомадааст ва дар натиҷа мошин ба канал ва ё наҳри назди хонаашон чаппа шудааст.
Дар ин фалокат, худи падар ва тифлони 4-сола ва 2-солааш Абдулло ва Яҳё дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд ва писари бузургӣ Муҳаммад захм бардошта дар дар шифохона бистарӣ шудааст. Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Гоҳе дар ингуна садамаҳо хонаводаҳои комил аз байн мераванд.
Моҳи сентябри соли гузашта, бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо мошини борбар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд панҷ узви як оила ба ҳалокат расидаанд. Мошинҳои кӯҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.
