Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Пирӯзии футболбозони навраси тоҷик дар ду бозии санҷишӣ дар Дубай

0

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар шаҳри Дубай ду бозии санҷишӣ анҷом дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), наврасони тоҷик нахуст бозии санҷиширо 13-уми январ бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ баргузор карданд. Вақти асосии дидор бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голи мунтахаби Тоҷикистонро нимҳимоятгар Меҳрубон Одилзода зад. Ғолиби рақобат дар силсилаи пеналти муайян шуда, наврасони тоҷик бо ҳисоби 10:9 пирӯз гаштанд.

Футболбозони навраси тоҷик бозии дуюми санҷиширо дар Дубай 16-уми январ бо дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ доир намуда, бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро нимҳимоятгар Муҳаммадҷон Мираҳмадов ба самар расонд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) 23 футболбоз (2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар) дохил буданд, ки 18 нафар аз бошгоҳҳои футболи кишвар, 4 кас аз дастаҳои Русия ва як нафар аз ҳайати наврасони бошгоҳи “Ал-Наср”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мебошанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозиҳои санҷишӣ дар Дубай чунин буд:

Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов, Алиҷони Баҳодурзода (ҳарду аз «Душанбе»);

Ҳимоятгарон: Исломҷон Ҳоҷиев (Академияи «Криля Советов», Русия), Мактум Алидодов («Ал-Наср», Имороти Муттаҳидаи Арабӣ), Мустафо Ҳасанбеков («Истиқлол», Душанбе), Шуҳрат Нурматов, Ҳикматулло Кабиров, Муҳаммадҷон Кароматуллозода (ҳарсе аз Академияи ФФТ), Ёқубҷон Муродов, Озодбек Танҷихолов (ҳарду аз «Душанбе»);

Нимҳимоятгарон: Назарбек Маҳатов, Мансурбек Раимбердиев (ҳарду аз СШОР №1 Белгород, Русия), Меҳрубон Одилзода, Парвиз Бобоназаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Барқчӣ», Ҳисор), Олимҷон Олимов (КМВА, Душанбе), Бахтовар Арабов («Душанбе»), Азизҷон Шодиев, Муҳаммадҷон Қудратов (ҳарду аз Академияи ФФТ), Усмон Ширинов (МҶМОВ, Душанбе);

Ҳамлагарон: Парвиз Сангинов (Академияи «Космос», Маскави Русия), Асадбек Махтумов («Эсхата», Хуҷанд), Аминҷон Асоев («Душанбе»).

Сармураббӣ – Далер Каёсов.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса