Ихроҷи зиёда аз 600 донишҷӯи тоҷик аз Русия
Соли 2025 қариб 600 донишҷӯи тоҷикро аз Русия ихроҷ кардаанд. Ба гуфтаи Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ин донишҷӯёни рондашуда дар донишгоҳҳои кишвар таҳсилро давом доданд.
Лутфия Абдулхолиқзода охири ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфт, моҳи ноябри соли 2025 дар нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаи ихроҷи донишҷӯёни тоҷик аз Русия баррасӣ шуд ва иҷозаи бозгашти 730 донишҷӯ ба даст омад.
Инҳо донишҷӯёне будаанд, ки давоми ду соли ахир аз Русия ихроҷ шуда буданд. Лутфия Абдулхолиқзода гуфт, онҳо ба Русия ҳуҷҷатҳое пешниҳод карданд, ки нишон медиҳад, 730 донишҷӯ беасос хориҷ шудаанд. Баъди ин ба гуфтаи муовини вазир, Русия гуфтааст, 730 нафарро қабул мекунанд, вале аллакай қисми зиёди ин донишҷӯён "нахостанд ба Русия баргарданд".
Солҳои ахир шикоят аз мушкил шудани вуруди донишҷӯён ба ҳудуди Русия зиёд шудааст. Аксаран донишҷӯёни тоҷик ҳангоми бозгашт аз таътил ба Русия ё марзро гузашта наметавонистанд ё ба донишгоҳ роҳ намеёфтанд. Мақомоти кишвар гуфта буданд, Русия сабаби рондани донишҷӯёнро шарҳ намедиҳад.
