Созмони Ҳюман Райтс Вотч, дар гузориши солонаи худ дар бораи ҳуқуқи инсон, ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби дигарандешон ва зери по кардани ҳуқуқи мардум сахт танқид кардааст. Дар гузориши солонаи созмон, ки 4-уми феврал, нашр шуд, Тоҷикистон барои ҳабси чеҳраҳои маъруф танқид шудааст.