Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2026
1 2 3 4 5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28

Ба се паҳлавони тоҷик барои сафари Порис раводид дода нашуд  

0

Дар аввалин мусобиқаи имсолаи сайри ҷаҳонии ҷудо - Paris Grand Slam 2026, ки рӯзҳои 7-8-уми феврал дар пойтахти Фаронса – шаҳри Порис – баргузор мегардад, чаҳор паҳлавони тоҷик иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Порис (Paris Grand Slam 2026) иштироки 508 варзишгар (313 мард ва 195 зан) аз 81 кишвар дар назар аст.

Барои иштирок дар ин мусобиқа пешакӣ ҳафт паҳлавони тоҷик номнавис шуда буданд. Аммо се нафари онҳо - Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ва Абубакр Боқиев (-81 кг) аз сабаби нагирифтани раводид дар Paris Grand Slam-2026 ширкат намеварзанд.

Ҳамин тавр, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ чаҳор варзишгар - Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) - дар сабқати мардон намояндагӣ мекунанд.

Барномаи Paris Grand Slam 2026:

7-уми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг,-63 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг, -73 кг байни мардон.

8-уми феврал (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -70 кг,-78 кг, +78 кг миёни занон; -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои Paris Grand Slam 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.

Инчунин ғолибону ҷоизадорон ва ширкаткунандагони ин мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии инфиродии ҷаҳонии ҷудо мегарданд.

Бояд зикр намуд, соли гузашта мусобиқаи Paris Grand Slam бидуни варзишгарони тоҷик баргузор шуда буд. Соли 2024 бошад, паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа иштирок карда, натавонистанд медал бигиранд.

Аз байни 9 гуштигири тоҷик чаҳор нафар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) - натиҷаҳои хубтар нишон дода, мақоми панҷумро касб намуданд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса