Ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Итолиё
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ шаби 6-ум ба 7-уми феврал дар варзишгоҳи “Сан-Сиро”-и шаҳри Милани Итолиё баргузор шуд. Маросим бо намоише оғоз ёфт, ки дар он 70 рақсандаи театри Ла Скала муҷассамаҳоро тасвир карданд. Баъдан овозхони маъруф Лаура Паузини суруди миллии Итолиёро иҷро намуд.
Аз рӯи анъана, паради варзишгарон бо баромади дастаи мунтахаби Юнон оғоз ёфт. Парад дар шаҳрҳое барпо шуд, ки он ҷо мизбони мусобиқаҳои олимпӣ мешаванд.
Парад бо баромади дастаи мунтахаби Итолиё ба анҷом расид. Парчами миллиро шорт-трекчӣ Арианна Фонтана ва лижарон Федерико Пеллегрино бардоштанд.
Пас аз баромади ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда, бахши "Саёҳати замон"-и намоиш шуруъ шуд. Ситораи сериали “Нилуфари сафед” Сабрина Импаччиаторе ба саҳна баромада, намоиши ҷолиберо нишон дод, ки якчанд давраҳоро фаро гирифт.
Баъдтар, Ҷованни Магало, раиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳо дар Итолиё ва Кирсти Ковентри, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, суханронӣ карданд.
Дарҳол пас аз эълони кушода шудани Бозиҳои олимпӣ овозхони маъруфи итолиёӣ Андреа Бочелли дар саҳна ҳозир шуд. Ҳунарпеша Шарлиз Терон низ ба саҳна баромада, орзу кард, ки бозиҳо на танҳо варзиш бошанд, инчунин вай ба «сулҳ дар тамоми ҷаҳон» даъват кард.
Дар баробари ҳунарнамоии ҳунарпешаҳо варзишгарони Итолиё эстафетаи машъали олимпиро дар варзишгоҳи Милан давом доданд. Парчами олимпӣ таҳти гимни олимпӣ бардошта шуд, ки онро пианинонавоз Лан Лан ва сароянда Чечилия Бартоли иҷро карданд.
Оташи олимпиро дар ду ҷом: дар Милан лижаронхои кӯҳӣ Алберто Томба ва Дебора Компанйони ва дар Кортина София Гогги фурӯзон намуданд. Маросим бо оташбозии дурахшон ба охир расид.
Дар Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ, ки дар шаҳрҳои Милан ва Кортина-д’Ампетсои Итолиё то рӯзи 22-юми феврал идома меёбанд, иштироки наздики 3000 варзишгар аз 91 кишвар дар назар аст.
Итолиё бори чаҳорум дар таърихт бозиҳои Олимпӣ мизбони чунин мусобиқоти бузург гардидааст. Варзишгарон барои 116 маҷмуи медалҳо дар 16 намуд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, чанатозӣ, скелетон, сноуборд, рақси рӯйи ях, фристайл, ҳоккей, шорт-трек ва лижаронӣ-кӯҳнавардӣ рақобат хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки варзишгарони Бенин, Гвинея-Бисау ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бори аввал дар Бозиҳои олимпии зимистона ширкат меварзанд.
Аммо Тоҷикистон дар Олимпиадаи зимистона дар Итолиё ширкат надорад. Чаҳор варзишгари тоҷик, ки дар мусобиқаҳои интихобӣ дар намуди лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои зимистонаи соли 2026 талош карданд, натавонистанд меъёрҳои олимпиро иҷро намоянд. Бинобар ин, лижаронҳои тоҷик аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ, ки 5-уми феврал дар шаҳри Душанбе доир гардид, сабаби роҳ наёфтани варзишгарони тоҷикро ба Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2026 чунин шарҳ дод: “Тоҷикистон шароити зарурӣ барои тамрини варзишгарон дар намудҳои зимистонаи варзиш надорад. Мо як пойгоҳ ва як мактаби зимистонаи варзишӣ дорем. Хатти лижаронии мо ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нест. Ҳарчанд ба варзишгарони намудҳои зимистона идрорпулӣ ҷудо шугардид ва дар хориҷа ба тамрин фаро гирифта шуданд, вале имтиёзҳои заруриро барои гирифтани иҷозатнома ба даст оварда натавонистанд.”
Коршиносони соҳаи варзиш сабабҳои инро ба мавҷуд набудани заминаи доимии омодагӣ, тақвими маҳдуди мусобиқаҳо оид ба навъҳои варзиши зимистона дар дохили кишвар нисбат медиҳанд.
Бояд зикр намуд, ки бори охир варзишгарони тоҷик соли 2014 дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Русия ширкат варзида буданд. Олимпиадаҳои зимистонаи соли 2018 дар Пйонгчанги Кореяи Ҷанубӣ ва соли 2022 дар Пекини Чин бе иштироки намояндагони Тоҷикистон гузаштанд.
Алъон дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – роҳандозӣ шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ шомил аст. База ё урдугоҳи лижаронӣ, ки дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, дар онҷо мусобиқоти байналмилалӣ гузаронида намешавад.
