"Қанди порсӣ"-ро ба Нигина Амонқулова ва ду нафари дигар додаанд
Ҷоизаи имсолаи "Қанди порсӣ", ки барои талошҳо дар роҳи посдорӣ ва густариши забони порсӣ дода мешавад, имсол насиби овозхони маъруфи Тоҷикистон Нигина Амонқулова, устоди Донишгоҳи Принстони Амрико Майкл Берӣ ва адабиётшинос аз Афғонистон Латиф Нозимӣ гаштааст.
Тақдими ҷоиза рӯзи 15-уми феврал дар ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон дар Донишгоҳи Вестминистери Бритониё баргузор шуд.
Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷик дар Лондон, рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Нигина Амонқулова барои таронаҳояш, ки дар густариши забони форсӣ саҳмгузор аст, барандаи ҷоиза шуд.
“Аз ҷумла, масъулони Конун иҷрои таронаҳои Мавлавиро дар ҳамоиши ЮНЕСКО, ки бо хонандаҳои эронӣ дар гурӯҳи ҳунарии Фулодванд иҷро карда буд, қадр карданд,” – афзуд ӯ.
Ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон аз соли 2014 дар маркази Бритониё баргузор мешавад ва ҷоизааш 500 фунт стерлинг, муодили тақрибан ҳафтсад доллар, аст.
Ин ҷоизаро соли 2024 ба Гулрухсори Сафӣ (Гулрухсор Сафиева), шоири саршинос аз Тоҷикистон ва Аминаи Шарофиддин (Амина Шарофиддинова), фаъоли тоҷик аз Самарқанд, доданд.
Пештар Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори маъруф ва муҷрии барномаҳои радио ва телевизиюни форсии Би-би-сӣ, барандаи ин ҷоиза шуда буд.
