Медали тилои Виктор Рассадин дар Гран-при дар Минск
Виктор Рассадин, намояндаи Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии силсилаи Гран-при дар риштаи гуштии озод ба хотираи қаҳрамони секаратаи олимпӣ Александр Медвед, ки рӯзҳои 20-22-юми феврал дар шаҳри Мински Беларус доир гардид, медали тило ба даст овард.
Ин гуштигири 32-сола дар рақобатҳо дар вазни то 70 кило ҳамаи рақибонашро мағлуб карда, ба финал баромад. Вай дар даври ниҳоӣ ба варзишгари 20-солаи русиягӣ Максим Ли пирӯз шуда, бо медали тило сарфароз гашт.
Рассадин то финал дар даври аввал Ислом Кажаровро аз Русия, дар чорякфинал Начин Куулари қазоқ ва дар даври ниманиҳоӣ боз як намояндаи Қазоқистон – Амирхон Яндиевро шикаст дод.
Виктор Рассадин, ки зодаи Ёқутистони Русия мебошад, шаҳрвандии Тоҷикистонро пазируфтааст ва аз моҳи декабри соли 2023 ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дохил шудааст.
Ӯ соли 2024 дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило дар мубориза барои медали биринҷӣ аз Чермен Валиев аз Албания мағлуб шуд.
Рассадин соли 2024 дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон медали нуқра ба даст оварда буд. Вай соли 2025 низ дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Аммони Урдун дар вазни то 70 кило медали нуқра гирифт.
Инчунин Рассадин дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи мураббии варзидаи русиягӣ Дмитрий Коркин, ки моҳи ноябри соли гузашта бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 11 кишвар дар Ёқутистони Русия доир гардид, медали тило ба даст овард.
