Эълони фоизи қарзи бонкҳои Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон меъёри баҳра ё фоизи қарзҳо дар моҳи январи имсолро нашр кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, меъёри миёнаи қарзҳо бо пули миллӣ феълан 23,87 дарсад аст. Баҳраи қарзҳои истеъмолӣ каме болотар ва 24,39 дарсад будааст.
Фоизи солонаи қарзҳои ипотекӣ барои хариди манзил 19,69 дарсад нишон дода шудааст. Ҳамчунин Бонки миллӣ мегӯяд, баҳраи миёнаи пасандоз дар бонкҳои кишвар каме бештар аз 12 дарсад аст.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аввали моҳи феврали имсол аз коҳиши баҳра ё фоизи қарзҳои бонкӣ хабар дода буд. Толибзода гуфта буд, "фоизи миёнаи қарзҳо аз 28 то 22 дарсад поин омад."
Аммо омори ахири Бонки миллӣ нишон медиҳад, ки баҳраи миёнаи қарзҳо қариб 24 дарсад аст. Зиёд будани баҳраи қарзҳои бонкӣ ва мушкили дастрасӣ ба онҳо ҳамеша мояи нигаронии муштариёну корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ будааст.
Тибқи омори расмӣ, бонкҳои Тоҷикистон дар соли 2024 тақрибан 25 миллиард сомонӣ қарз додаанд. Тақрибан 30 дарсад ё 5,6 миллиард сомонӣ бештар нисбат ба як соли пеш.
