Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Март
2026
1 2 3 4 5 6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Бозгашти беш аз 100 тоҷикистонӣ бо як парвози чартерӣ аз Абу Забӣ ба Душанбе

0

Яксаду понздаҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар як парвози чартерӣ аз Абу Забӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон оварда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" шаби 4-ум ба 5 уми март аз пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Душанбе расид.

Тибқи ахбори расида, Имороти Муттаҳидаи Араб дар шакли маҳдуд ҳарими ҳавоии худро боз намуда, имкон дод, ки садҳо хориҷӣ аз бархе фурудгоҳҳои ин кишвар ба ватанҳояшон баргарданд.

Як рӯз пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон карда буд, ки бо дастури ҳукумат ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” вазифадор шудааст, ки барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз минтақаҳои ноором, парвозҳои чартерӣ анҷом диҳад.

Ҳадаф ба гуфтаи мақомот, овардани он тоҷикистониҳое ҳаст, ки дар кишварҳои Ховари Миёна қарор доранд ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада, мехоҳанд ба ватан баргарданд.

Вазорат таъкид кардааст, ки хоҳишмандони бозгашт бояд барои сабти ном ба намояндагӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар ин кишварҳо муроҷиат кунанд.

Давоми рӯзҳои ахир садҳо зоирони тоҷик, ки дар Арабистони Саудӣ ба сар мебурданд ва парвозҳои онҳо ба таъхир афтода буд, тавассути ширкати "Сомон Эйр" аз масири Ҷидда-Анқара ва Ҷидда-Истанбул, ба Тоҷикистон расиданд.

Аз ин пештар ширкати "Сомон Эйр" аз қатъи муваққатии парвозҳои мунтазам ба Теҳрон ва Дубай хабар дода буд.

Бо оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28 феврал, ҳарими ҳавоии шуморе аз кишварҳои минтақа баста шуд ва даҳҳо ҳазор мусофиру сайёҳи хориҷӣ дар Ховари Миёна банд монданд.

Даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон то имрӯз бо убури марз бархе аз ин кишварҳо, аз ҷумла Эронро тарк карданд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса