Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Март
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Ихроҷи 65 шаҳрванди Узбекистон аз Амрико

0

Сафорати Амрико дар Узбекистон хабар дод, ки рӯзи 11 март як гурӯҳи иборат аз 65 муҳоҷири узбекистонӣ аз Иёлотти Муттаҳида ба ватанашон баргардонида шуданд.

Мақомоти Амрико дар шарҳи сабаби ронда шудани ин муҳоҷирон гуфтаанд, онҳо иҷозаи қонунии иқоматро надоштанд.

Ба навиштаи Сафорат, аз январи соли 2025 то кунун беш аз 1000 шаҳрванди Узбекистон аз ин кишвар хориҷ шудаанд.

Мақомоти ИМА гуфтаанд, ки ин иқдом дар доираи барномаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳифзи марзҳо гирифта шудааст.

Онҳо ҳушдор додаанд, ки ҳар касе бо роҳи ғайриқонунӣ барои ворид шудан ба ин кишвар талош мекунад, зиндон ё иҷборан ихроҷ карда мешавад.

Вашингтон аз ҳукумати Узбекистон барои ҳамкорӣ дар бозгардонии шаҳрвандони ин кишвар изҳори миннатдорӣ кардааст.

Боздошт ва берун кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави ИМА аз сиёсатҳои президент Доналд Трамп аст.

Аз замони ба сари қудрат омадани ӯ даҳҳо тоҷикистонӣ ҳам аз ин кишвар ронда шудаанд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса