Тоҷикистон дар радаи 88-уми феҳристи кишварҳои шод дар ҷаҳон
Дар тозатарин радабандии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз рӯйи шохиси шодӣ ё хушҳолӣ дар байни 147 кишвар, дар мақоми 88-уми қарор гирифтааст.
Дар гузориши нави World Happiness Report 2026, ки рӯзи 19 март нашр шуд, 147 кишвари ҷаҳон аз ҷанбаҳои мухталиф, монанди ҳимояти иҷтимоӣ, умед ба оянда, вазъияти тандурустӣ, эҳсосоти мусбат ва манфӣ ва дигар шохисҳо, арзёбӣ шудаанд.
Илова бар ин, муаллифон омилҳое аз қабили даромади аҳолӣ, сатҳи озодӣ, дарки фасод ва дарозумриро низ дар назар гирифтаанд.
Ин мутолеа бар асоси посухҳои наздик ба 100 ҳазор нафар дар 147 кишвар ва минтақа анҷом шудааст. Гузориши нав бар таъсири расонаҳои иҷтимоӣ ва фановариҳои рақамӣ ба некӯаҳволӣ, ба хусус байни ҷавон, тамаркуз мекунад.
Гузориши солонаи ҷаҳонии хушҳолӣ ҳар сол бо ҳамкории ниҳодҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва Донишгоҳи Оксфорд таҳия мешавад ва ҳадафи он, арзёбии вазъияти зиндагии мардум дар кишварҳои мухталиф ва ироаи он ба ниҳодҳои зирабт барои эҷоди тағйироти мусбат гуфта мешавад.
Қазоқистон танҳо кишвари ИДМ аст, ки дар радабандӣ дар миёни панҷоҳ кишвари бартар қарор гирифт. Ин кишвар бо 10 рутба боло рафтан назар ба соли гузашта, дар ҷойи 33-юм қарор дорад.
Узбекистон дар Гузориши ҷаҳонии хушҳолӣ, аз байни 147 кишвари шод, дар рутбаи 53-юм боқӣ монд. Қирғизистон рутбаи 66, Молдова рутбаи 77 ва Русия рутбаи 79-ро касб карданд.
Арманистон рутбаи 89 ва Озарбойҷон рутбаи 102-ро ба худ ихтисос доданд. Туркманистон ба далели нокифоя будани маълумот, ба ин рейтинг шомил нашуд.
Финландия барои нӯҳумин бор шодтарин кишвари ҷаҳон шинохта шуд. Пас аз он Исландия дар ҷойи (дувум), Дания (севум), Коста Рика (чаҳорум), Швейтсия (панҷум), Норвегия (шашум), Ҳоланд (ҳафтум), Исроил (ҳаштум), Люксембург (нӯҳум) Швейсария (даҳум), қарор гирифтаанд.
Афғонистон ҳамчунон ғамгинтарин кишвари ҷаҳон (147) аст. Ботсвана (143), Зимбабве (144), Малави (145) ва Серра-Леоне (146) низ дар рутбаҳои охир қарор доранд.
