Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2026
1 2 3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30

Дар тасодуфи мошини наваскарон дар Ванҷ як тан фавтида, чанд кас захмӣ шуданд

0

Бар асари бархӯрди сангчарх ё куҳпора ба автобуси ҳомили наваскарон дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ як даъватшаванда ҷон бохта, беш аз 3 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, ҷавони ҳалокшуда ва захмиён сокинони ноҳияи Шуғнон буданд. Ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи дуюми апрел дар мавзеи Хехики ноҳияи Ванҷ рух додааст.

Сангчарх ба миёнаҷойи автобуси ҳомили даъватшудаҳои ноҳияи Шуғнон бархӯрда, сабаби садама мешавад. Ба гуфтаи манбаъҳо, ин автобус ва корвони мошинҳои дигар бояд навдаъватшудаҳоро аз Хоруғ то пойтахт мерасонданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дирӯз баъди ҳодиса ҳамаи захмиҳоро ба Бемористони марказии ноҳияи Ванҷ меоранд ва яке аз онҳо дар онҷо мефавтад. Пас аз ташхис ҷавони ҳалокшударо ба зодгоҳаш ва захмиҳоро бо чархбол ба Душанбе интиқол медиҳанд.

Тасдиқи расмии ин хабар ва ҷузъиёти бештар ҳоло дастраси Радиои Озодӣ нест.

Ҳодиса як рӯз пас аз маросими гусели даъватшавандаҳои вилояти Бадахшон ба артиш, рух додааст.

Маъракаи "Рӯзи даъватшаванда" ва раҳпаймоии оммавӣ дар шаҳри Хоруғ бо ширкати шумори зиёди намояндагони мақомот, сарбозону афсарон ва даъватшавандаҳо рӯзи якуми апрел баргузор шуд.

Раиси вилояти Бадахшон дар ин чорабинӣ аз он ситоиш кардааст, ки дар 8 соли ахир вилоят нақшаи даъватро дар рӯзи аввали сафарбаркунӣ иҷро мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофеаи Тоҷикистон гуфт, дар ду рӯзи аввали моҳи апрел нақшаи даъват ба артиш беш аз "54 дар сад иҷро шуд".

Ба иттилои ин ниҳод, дар баробари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Вахш дар рӯзи аввали даъват аз иҷро шудани нақша хабар додаанд.

Даъвати баҳории ҷавонон дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел шурӯъ шуда, то охири моҳи май идома мекунад.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса