Талошҳо барои ҳисоб кардани саршумори як ҳайвони нодири Тоҷикистон
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон барои ҳисоб кардани саршумори ҷонвари нодири бузи "Морхӯр" кормандонашро ба минтақаи баландкуҳи кишвар фиристодааст.
Ба иттилои расмӣ, мутахассисон бояд ҳисоб кунанд, ки дар кишвар чанд сар бузи "Морхӯр" ҳаст.
Мақомот мегӯянд, ин кор "барои муайян намудани вазъи воқеии саршумори бузи кӯҳии морхӯр, ҳифзи гуногунии биологӣ" ва роҳҳои ҳифзи ин ҷонвари нодир зарур аст.
Тибқи маълумоти ахири Оҷонси омор, давоми даҳ соли ахир саршумори бузи "Морхӯр" дар Тоҷикистон аз 1900 то 6827 сар зиёд шудааст.
Морхӯр, аз нодиртарин ва гаронтарин ҷонвари шикорӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои шикори як сари он 40 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт мешавад. Иҷозаи шикори ҳайвоноти нодирро бештар хориҷиён харидорӣ мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон имсол барои шикори танҳо 24 сар бузи “Морхӯр” иҷозат додааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта аз мақомоти расмӣ ва донишмандон хоста буд, саршумори чанде аз ҷонварҳои нодир, аз ҷумла, бабри барфӣ, морхӯр ва меши кӯҳӣ ва ё архарро аз нав дақиқ карда, ба ҳукумат гузориш бидиҳанд.
