Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2026
1 2 3 4 5 6 7 8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими Туркманистонро шикаст дод

0

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) зери раҳбарии Ҷаъфар Аҳмадов дар бозии нахустинаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2026, ки дар Узбекистон ҷараён дорад, бар тими Туркманистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба кард.

Дар ин бозӣ, ки 6-уми апрел дар варзишгоҳи “Дӯстлик”-и шаҳри Тошканд доир гардид, Сиёвуш Назаров ва Муҳаммадҷон Кароматуллозода дуголӣ заданд. Боз як голро Алиҷон Шуҳратҷонзода ба самар расонд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2026 дар варзишгоҳи “Дӯстлик”-и Тошканд бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон то рӯзи 13-уми апрел идома хоҳад кард.

Дар даври навбатӣ, 9-уми апрел, дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон рақобат мекунад. Қирғизҳо дар даври аввал тими Афғонистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2026 байни дастаҳои наврасони то 16-солаДаври 1-ум

Туркманистон - Тоҷикистон – 1:5

Голҳо: Сиёвуш Назаров, 27 (0:1). Муҳаммадҷон Кароматуллозода, 38 (0:2). Худойназар Муродов, 39 –аз пеналти (1:2). Сиёвуш Назаров, 47 (1:3). Алиҷон Шуҳратҷонзода, 64 (1:4). Муҳаммадҷон Кароматуллозода, 85 (1:5).6-уми апрел. Тошканд. Варзишгоҳи «Дӯстлик».

Афғонистон - Қирғизистон - 1:2

Даври 2-юм 7-уми апрел (сешанбе)

Узбекистон - Қирғизистон, 13:00

Туркманистон - Афғонистон, 16:00

Даври 3-юм 9-уми апрел (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон, 13:00

Узбекистон - Афғонистон, 16:00

Даври 4-ум 11-уми апрел (шанбе)

Тоҷикистон - Афғонистон, 13:00

Узбекистон - Туркманистан, 16:00

Даври 5-ум 13-уми апрел (душанбе)Қирғизистон - Туркманистон, 13:00

Узбекистон - Тоҷикистон, 16:00




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса