Мақомот амволи ду бонки муфлисшударо мефурӯшанд
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бинои филиалҳои ду бонки муфлисшударо дар минтақаҳои кишвар ба савдо гузоштааст.
Ба иттилои расмӣ, музояда барои хариди бинои филиалҳои "Тоҷиксодиротбонк" дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Мастчоҳ ва Куҳистони Мастчоҳ рӯзи 5-уми май баргузор мешавад.
Нархи аввали ин биноҳо аз 1 то 8 миллион сомонӣ таъин шудааст.
Ҳамчунин бинои филиали "Тоҷпромбонк" дар шаҳри Гулистон бо нархи аввали 1,7 миллион сомонӣ ба савдо гузошта шудааст.
Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ нагуфтаанд, ки чанд кас барои харидани биноҳои ин ду бонки муфлисшуда довталаб шудаанд. Баъди соли 2017 чор бонки калони кишвар "Тоҷпромбонк", "Фононбонк", "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", муфлис шуданд.
Аз ин миён танҳо "Фононбонк" амонати мизоҷонашро пардохт ва муштариёни се бонки дигар то ҳол наметавонанд пулҳои худро аз бонкҳо бозпас бигиранд.
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон борҳо ваъда додаанд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳои муфлисшуда маблағи мардум бозпас дода мешавад. Муштариён то ҳол нигарони амонатҳои гузоштаашон ҳастанд.
