Хушҳолии вакилони рус аз ихроҷи зиёди муҳоҷирон
Вакилони Думаи давлатии Русия аз ин, ки шумори зиёди муҳоҷирон ронда шудаанд, изҳорӣ қаноатмандӣ кардаанд.
Вячеслав Володин, раиси палатаи поёнии порлумони Русия, инро натиҷаи қабули қоидаву қарорҳои нав дар самти муҳоҷират хонда, ситоиш кардааст.
Ба гуфтаи вай, танҳо дар моҳи март аз қаламрави Русия 14 ҳазор муҳоҷир ронда шудааст. Дар маҷмӯъ, давоми як соли ахир Маскав 72 ҳазор нафар хориҷиро депорт ё ихроҷ кардааст.
Раиси Думаи давлатӣ гуфтааст, ин натиҷаи қарорест, ки ба пулиси Русия ҳақ дод, бе ҳукми додгоҳ муҳоҷиронро ихроҷ кунад. Володин ҳушдор додааст, ки ин ҳанӯз поёни кор нест ва қонуну қоидаҳои муҳоҷират боз сахттар хоҳад шуд.
Порлумони Русия ба қабули 6 тарҳи дигари қонуне омодагӣ мегирад, ки ба гуфтаи вакилон, бо тасвиби он назорат ба кору зиндагии муҳоҷиронро сахту душвор мекунад.
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз афзоиши фишорҳои бесобиқа дар Русия изҳори нигаронӣ мекунанд.
Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик низ мегӯянд, ки зиндагӣ ва кор дар ин кишвар ҳар рӯз мушкилтар мешавад.
