Боздошти 325 нафар дар эътирозҳои оммавии Русия
Дар ҷараёни эътирозҳои оммавӣ барои интихоботи шаффоф дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Ростове-на-Дону ва Брянск 325 кас боздошт шуданд. Ба иттилои "ОВД-Инфо", пулис дар Москва 229, дар Петербург 81, дар Ростове-на-Дону 13 ва дар Брянск 2 нафарро дастгир кардааст. Дар хиёбони Сахарови пойтахти Русия 10 август бо талаби роҳ додани номзадҳои мустақил ба интихоботи маҷлиси шаҳрӣ тазоҳуроти боиҷозат баргузор шуд. Эътирозгарон ҳамчунин хостанд, парвандаҳое, ки зидди иштирокдорони тазоҳуроти беиҷозати 27 июл боз шудааст, қатъ шаванд. Читать дальше...