Дар Русия раиси вилояти Хабаровск бо гумони куштор боздошт шуд
Субҳи 9 июл намояндагони Кумитаи тафтишоти Русия дар ҳамроҳӣ бо ходимони мусаллаҳи ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ) раиси минтақаи Хабаровск Сергей Фургалро боздошт карданд. Баъди чанде Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки дар фурсати наздик ба Фургал иттиҳом эълон мешавад, ки ба ташкили як қатор кушторҳои фармоишӣ дар минтақаҳои Хабаровску Амурск дар солҳои 2004-2005 рабт мегирад. Феълан маълум нест, ки мавқеи худи Фургал ба ин қазия чист. Радио Свобода менависад, ки парванда нисбати гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ боз шудааст. Читать дальше...