Трамп гуфт, Путин рақиб аст, аммо душман нест
Трамп афзуд, ки эҳтимол аст, Путин дӯсти ӯ шавад ва изҳори умед кард, ки мулоқоти вай бо Путин осонтарин вохӯрӣ дар ҷараёни сафараш ба Аврупо хоҳад буд. Ба гуфтаи президенти ИМА, кишварҳои ҳампаймони НАТО аз мулоқоти ӯ бо Путин хурсанданд.
Дар мавриди Қрим бори дигар гуфт, ки ишғоли нимҷазира дар давраи президентии ҳамтои пешинаш Барак Обама сурат гирифтааст. "Ман ба ин иҷозат медодам? Не, намедодам. Ҳоло бо Қрим чӣ рух хоҳад дод, ман ба шумо намегӯям. Вале аз ишғоли он норозиям", - афзуд Трамп.
Мулоқоти раҳбарони ИМА ва Русия 16 июл дар шаҳри Ҳелсинкӣ баргузор мешавад. Интизор меравад, ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба, назорати таслиҳот, низоъ дар Сурия ва вазъи Украинаро баррасӣ кунанд.
