Ваҳҳоб Воҳидов дар 78-солагӣ даргузашт. АКС
Ваҳҳоб Воҳидов, вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон, дар 78-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Наздикони Воҳидов ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, ки ӯ аз бемории қалб ранҷ мекашид ва ҷасадаш 7-уми июн дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт ба хок супурда хоҳад шуд. Ваҳҳоб Воҳидов моҳи июни 1940 дар оилаи косиб таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм кардааст. Фаъолияти кориаш аз хоҷагии кишоварзии ба номи Ленини Конибодом оғоз мешавад. Сипас, котиби якуми кумитаи комсомол ва вакили шаҳрӣ буд. Читать дальше...