Жан-Пол Белмондоро дар ҳузури аъзои оилааш ба хок месупоранд
Дар маросими хайрбод бо Белмондо дар Париж шахсиятҳои маъруфи кишвар ва ҳамкоронаш иштирок карданд. Ҳазорҳо нафари дигар дар берун барои тамошои ин маросим аз рӯи як экрани калони телевизионӣ ҳозир шуданд. Баъдан онҳо ҳам дар як навбат барои гузаштан аз назди қабри марҳум имконият пайдо карданд. Бори охир дар Фаронса бо чунин шева президенти собиқ Жак Ширакро дар соли 2019 ба хок супурданд.
Жан-Пол Белмондо солҳои 1950 ба синамои фаронсавӣ ворид шуд ва давоми даҳсолаҳо яке аз маъруфтарин ҳунарпешаҳои ватаниву хориҷӣ гашт. Аксар филмҳое, ки ӯ бозӣ кардааст, мазҳакавӣ ва моҷароҷӯёна буда, дар миёни тамошобинони Иттиҳоди Шӯравӣ филми “Профессинал”-аш фавқулодда маъруф буд.