Добавить новость
ru24.net
World News
Сентябрь
2021

Идомаи эътирозҳои зидди "Толибон"

0
Рӯзи 9-уми сентябр дар чандин манотиқи Афғонистон намоишҳои эътирозии зидди «Толибон» идома кард. «Толибон» рӯзи 7-уми сентябр аъзои ҳукумати нави худро эълон карданд, ки аксаран аз собиқадорони ин гурӯҳи тундрав иборат буда,  гуфтанд, ки исми ин давлат «Аморати  исломӣ» мешавад. Баъди ду даҳсола баргашти низоми усулгарову муҳофизакори исломӣ дар Афғонистон, ки бо шеваи бисёр сахту бераҳме раҳбарӣ кардааст, бисёриҳоро дар ин кишвар нороҳат мекунад.


«Толибон» дар рӯзи аввали кори худ ташкили таҷаммӯъҳову намоишҳои эътирозиро бо, ба қавли онҳо, сабаби ин ки “беназмиву бетартибӣ” мешавад, манъ кардаанд. Дар назди сафорати Покистон эътирозгарон рӯзи 9-уми сентябр бо нидоҳои “Мо озодӣ мехоҳем!” таҷаммӯъ карданд ва ҷангиён  барои пароканда кардани мардум чандин бор бо силоҳ ба ҳаво тир кушоданд. Намоишҳои эътирозӣ инчунин дар вилоятҳои Парвон, Нимрӯз, Қундуз ва Каписо барпо шуд. Дар баъзе ҳолатҳо бо хушунат ва боздоштҳо анҷомид.


Дар як намоиши эътирозии занону духтарон шиорҳои интиқодкунандаи Покистон садо дод. Бисёриҳо ба ин боваранд, ки Покистон ба «Толибон» ёрӣ мекунад, вале Исломобод инро рад кардааст. Толибон баъди зери даст гирифтани аксар қаламравҳои кишвар дар миёнаҳои моҳи август аллакай ба саркӯбу озори журналистоне даст задаанд, ки машғули пӯшиши хабарии эътирозҳо мебошад.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Зарина Дияс

Сенсацией обернулся матч Зарины Дияс за четвертьфинал турнира в Мумбаи






Шохруз Шепелев: «Театр — это место, где ты постоянно учишься»

Капитолина Атласова-Юхневич: «Мне писали записки Максим Аммосов и Емельян Ярославский»

ЖУРНАЛ TIME ЧЕРЕЗ ДЕНЬ ПРИМЕРНО ПОВТОРИЛ ИДЕЮ АНАТОЛИЯ ГОЛОДА. Важные новости! В.В. Путин, Дональд Трамп. Новости. Россия, США, Европа могут улучшить отношения и здоровье общества?!

Нарцисс или параноик? Дана экспертная оценка личности пасынка Стаса Намина