Бо вуҷуди бештар шудани парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия, ба қавли сокинон, нархи билет тақрибан бетағйир мондааст. Чанде аз корафтодаҳо рӯзи 10 сентябр гуфтанд, ҳарчанд ба мисли пешина барои харидани билет ҷанҷолу навбат нест, нархи он ҳанӯз барои шахсони миёнҳол дастнорас мемонад.