Нархи бензин дар Қирғизистон назар ба Русия гаронтар шуд
Ба иттилои Оҷонси давлатии зиддимонополии Қирғизистон, гаронтарин бензин дар паҳнои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Арманистон ва арзонтарин бензин дар Қазоқистон будааст.
Пештар аз ин Иттиҳоди воридкунандагони нафти Қирғизистон ҳушдор дода буд, ки дар моҳи сентябр қимати бензин гаронтар хоҳад шуд. Зеро, Русия шуруъ аз моҳи сентябр маводи сӯхтро ба Қирғизистон ба иловаи боҷи содиротӣ интиқол медиҳад.
Қирғизистон ҳамасола 1,1 млн тона маводи сӯхт масраф мекунад. Дар охири соли 2016 Русия боҷи нафт ва маводи нафтиро барои Қирғизистон бекор карда буд.