ВКХ: Хабари марги як зани туркман дар навбати визаи Тоҷикистон ҳақиқат надорад. ВИДЕО
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки хабари гӯё дар навбати виза дар назди сафорати ин кишвар дар Ашқобод (Ишқобод) даргузаштани як зани туркман ҳақиқат надорад. Раёсати иттилоот ва таҳлили ВКХ Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи дар навбати тӯлонӣ бад шудани ҳолати як зани миёнасол воқеан ҳам ҷой дошт. "Ин ҳодиса чанд ҳафта пеш рух дод”, - гуфт як масъули вазорат.
Ба иттилои ӯ, "дар муддати чанд рӯз системаи компютерии додани визаҳо дучори мушкили техникӣ шуд ва ин ҳодиса бо гармии беш аз 40-дараҷаӣ рост омад. Дар натиҷа, воқеан ҳам аҳволи як зан, ки барои визаи писари донишҷӯяш навбат мепоид, бад шуд. Вале ӯ баъди кӯмаки тиббӣ ба худ омад ва ҳолаш хуб шудааст”, гуфт як масъули вазорати хориҷаи Тоҷикистон. Ба иттилои ӯ, писари ин зан баъди ин ҳодиса бидуни мушкил визаи Тоҷикистонро дарёфт карда барои таҳсил дар донишгоҳи омӯзгории пойтахт ба Душанбе рафт.
"Ӯ ду ҳафта дар навбат истода, мехост, барои писараш виза гирад ва ӯро барои таҳсил ба Тоҷикистон фиристад. Навбатпоии тӯлонӣ ба вазъи руҳии зан таъсир расонда, якбора аз даҳону биниаш хун ҷорӣ шуд", - гуфта буд як шоҳиди ҳодиса. Баъди ин мардум гӯё хабар ёфт, ки ин зан дар дохили мошини ёрии таъҷилӣ ҷон дод.
Дар ВКХ Тоҷикистон инчунин гуфтанд, ки “дар сафорат корманде бо номи Мақсад кор намекунад”. Шахсеро бо чунин ном бархе нафароне, ки дар навбати виза дар сафорат қарор доштанд, дар талаби пора ба хотири таҳияи визаи Тоҷикистон муттаҳам карданд. Бархе сокинони интизори виза гуфтанд, ки гӯё шахсе бо номи Мақсад бо ваъдаи омода шудани виза дар фурсати ду рӯз аз корафтодаҳо 30-50 доллар маблағ гирифта ба ваъдааш вафо намекард. ВКХ мегӯяд, шахсе бо чунин ном дар сафорат кор намекунад ва ба таъкиди ин ниҳод, гирифтани пора ҳам имкон надорад:
“Виза дар Тоҷикистон таҳия мешавад. Маводи шахси аризадиҳанда ба раёсати консулгарӣ ирсол мешавад. Яъне визаи аризадиҳанда дар Душанбе таҳия шуда дубора ба сафорат дар Ашқобод ирсол мешаванд”, шарҳ дод корманди вазорат.
Аксари довталабони визаи Тоҷикистон маҳз ба хотири дарёфти визаи таҳсили солонаи фарзандонашон навбат мепоянд. Дар мактабҳои олии Тоҷикистон беш аз 4000 донишҷӯи туркман таҳсил мекунад.