Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2018

Новости за 22.09.2018

Мулоқоти вазирони Ҳинду Покистонро лағв карданд

Ozodi.org 

Як рӯз баъд аз эълони Ҳинд дар бораи мулоқоти вазири умури хориҷии кишвар бо ҳамтои покистониаш дар шаҳри Ню Йорк ин мулоқотро лағв карданд. Ҳинд рӯзи 21-уми сентябр гуфт, ки мулоқот охири моҳи сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи умумиии Созмони Милал сурат мегирад. Вазорати умури хориҷии Ҳинд гуфт, мулоқотро ба сабаби “қатли бераҳмонаи маъмури амниятии мо аз тарафи афроди мустақар дар Покистон” лағв карданд. Ба гуфтаи вазорат, сабаби дигари тасмим, амалкарди Покистон буд, ки 20 маркаҳои хаткашониро... Читать дальше...

Коммунистҳои рус ҳазорон нафарро ба эътироз бароварданд

Ozodi.org 

Ҳазорон нафар дар Русия ба зидди қарори давлат барои то 5 сол боло бурдани синни нафақа тазоҳурот карданд. Ба гуфтаи пулис, дар тазоҳуроти ташкилкардаи Ҳизби Коммунист ва гуруҳҳои чапгаро дар шаҳри Маскав то 3  ҳазор нафар ҳузур доштанд. Аммо баргузоркунандагон мегӯянд, ки теъдоди тазоҳургарон ба 20 ҳазор нафар мерасид. Дар умум дар рӯзи 22-уми сентябр дар 22 шаҳри Русия намоишҳои эътирозӣ баргузор шудааст. Қарори давлат барои аз 60 то 65 солагӣ боло бурдани синни нафақа барои мардон ва аз 60... Читать дальше...

Изҳори сипоси вазири тоҷик ба дабири кулли СММ

Ozodi.org 

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 21-уми сентябр бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Вазорат рӯзи 22-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки ду тараф дар ҳошияи Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ гуфтугӯ кардаанд. Вазир аз дабири кулли Созмони Милал ҷиҳати пуштибонии ӯ аз ташаббусҳои “ҷаҳонии Тоҷикистон” изҳори сипос кардааст.  “Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла дар соҳаҳои амниятӣ... Читать дальше...

Ҷанг"-и Нурмагомедов бо Тимати

Ozodi.org 

Як минтақаи ғолибан муҳофизакори мусалмоннишин ахиран дар маркази баҳси рэпсароҳои Русия қарор гирифт. Рӯзи 9-уми сентябр дар Доғистон консерти барномарезишудаи Эл-Ҷей ва Егор Крид лағв гардид.



Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон

Ozodi.org 

Расонаҳои Эрон мегӯянд, теъдоди қурбониёни ҳамла ба раҳпаймоии низомӣ дар шаҳри Аҳвоз 24 нафар кушта шудаанд. Аз ин пештар гуфта мешуд, ки дар ҳамла се нафар ҳалок шудаанд ва 20 тани дигар захм бардоштаанд.

Душанбе масъалаи паноҳҷӯёни тоҷикро бо Лаҳистон баррасӣ кард

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки масъалаи ташхиси ҳуввияти паноҳҷӯёни тоҷик ва шаҳрвандони кишварҳои дигареро, ки худро тоҷик муаррифӣ мекунанд, бо мақомоти Лаҳистон баррасӣ кардаанд. Вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки рӯзи 19-уми сентябр муовини вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода бо ҳайати низомиёни лаҳистонӣ, Анджей Якубашек, директори Раёсати кор бо хориҷиёни Хадамоти марзбонии Лаҳистон, Изабелла Валчак – мушовири Раёсати мазкур ва Эдита Скибинска - сармутахассиси бахши мушаххасозии... Читать дальше...

Мақомот масъалаи паноҳҷӯёни тоҷикро бо Лаҳистон баррасӣ кард

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки масъалаи ташхиси ҳуввияти паноҳҷӯёни тоҷик ва шаҳрвандони кишварҳои дигареро, ки худро тоҷик муаррифӣ мекунанд, бо мақомоти Лаҳистон баррасӣ кардаанд. Вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки рӯзи 19-уми сентябр муовини вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода бо ҳайати низомиёни лаҳистонӣ, Анджей Якубашек, директори Раёсати кор бо хориҷиёни Хадамоти марзбонии Лаҳистон, Изабелла Валчак – мушовири Раёсати мазкур ва Эдита Скибинска - сармутахассиси бахши мушаххасозии... Читать дальше...

Ҳалокати 24 нафар дар ҳамлаи "такфириҳо" дар Эрон

Ozodi.org 

Расонаҳои Эрон мегӯянд, теъдоди қурбониёни ҳамла ба раҳпаймоии низомӣ дар шаҳри Аҳвоз 24 нафар кушта шудаанд. Аз ин пештар гуфта мешуд, ки дар ҳамла се нафар ҳалок шудаанд ва 20 тани дигар захм бардоштаанд. Хабаргузории расмии ИРНА навишт, ки дар ин ҳамла як зану як кӯдак ҳам ҷароҳат бардоштаанд. Дар гузоришҳои пешин ҳамлаваронро “Афроди мусаллаҳи такфирӣ” номиданд, ки ишорае ба  гуруҳи ба ном Давлати исломӣ аст. Хабаргузории нимарасмии “Форс” гуфт, ки ду фарди мотосиклсавор, ки либоси хокӣ дар тан доштаанд, ҳамларо анҷом доданд. Читать дальше...

Марги 3 нафар ва захмӣ шудани 20 нафар дар тирандозӣ дар Эрон

Ozodi.org 

Дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар шаҳри Аҳвоз се нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Хабаргузории расмии ИРНА навишт, ки дар ин ҳамла як зану як кӯдак ҳам ҷароҳат бардоштаанд. Дар гузоришҳои пешин ҳамлаваронро “Афроди мусаллаҳи такфирӣ” номиданд, ки ишорае ба  гуруҳи ба ном Давлати исломӣ аст. Хабаргузории нимарасмии “Форс” гуфт, ки ду фарди мотосиклсавор, ки либоси хокӣ дар тан доштаанд, ҳамларо анҷом доданд. Касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Аҳвоз... Читать дальше...

Набераи Муҳиддин Кабириро ҷарроҳӣ карданд

Ozodi.org 

Рӯзи 21-уми сентябр табибон дар Туркия Ҳамза Тиллозода, як кӯдаки 4-солаи тоҷикро ҷарроҳӣ карданд, ки сарнавишти ӯ ҳаёҳуеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт ва сабаби интиқоди сахт аз ҳукумати Тоҷикистон шуд. Ҳамза Тиллозода, писари Руҳулло Тиллозода ва набераи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзасти исломӣ аст, ки рӯзи 2-уми август бо модараш аз Тоҷикистон хориҷ шуд. Амакаш Муҳаммад Тиллозода, рӯзи 22-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Ҳамза дирӯз ҷарроҳӣ шуд ва ҷарроҳиаш хуб гузашт. Се чаҳор рӯз дар шифохона мемонад... Читать дальше...

Набераи Муҳиддин Кабириро ҷарроҳӣ мекунанд

Ozodi.org 

Қарор аст, имрӯз Ҳамза Тиллозода, як кӯдаки 4-солаи тоҷикро ҷарроҳӣ кунанд, ки сарнавишти ӯ ҳаёҳуеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт ва сабаби интиқоди сахт аз ҳукумати Тоҷикистон шуд. Ҳамза Тиллозода, набераи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзасти исломӣ аст, ки рӯзи 2-уми август бо модараш аз Тоҷикистон хориҷ шуд. Падараш Муҳаммад Тиллозода, рӯзи 21-уми сентябр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, “Баъд аз кимиёдармонӣ ва хурд кардани захми Ҳамзаҷон, қарор аст, имрӯз ӯро ҷарроҳӣ кунанд.”  Маълум нест... Читать дальше...

Новости России
Москва

Топ-5 самых ярких зарубежных архитектурных проектов на первичном рынке Москвы


Аҳди Тоҷикистону Узбекистон барои мубориза бо террористон

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки афсарони баландпояи вазорат ва ҳамтоёни онҳо аз Узбекистон тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва муборизаи муштарак бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд. Вазорат дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 21-уми сентябр гуфт, ки мулоқоти рӯзи 18-уми сентябр бо ҳузури Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои мутташаккил ва Дониёр Қодиров сардори Сарраёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми вазорати умури дохилии Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Читать дальше...

Руҳонӣ: Аз мушакҳое, ки Амрикоро хашмгин кардааст, даст намекашем

Ozodi.org 

Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ваъда дод, ки бо вуҷуди фишори Амрико, кишвараш аз мушаксозӣ даст намекашад. Дар суханронии бахшида ба оғози ҷанги ҳаштсолаи Эрону Ироқ, ки соли 1980 шуруъ шуд ва то соли 1988 идома кард, Руҳонӣ гуфт, “Эрон аз аслиҳаи дифоии худ даст намекашад, ба шумули мушакҳо, ки Амрикоро сахт ба хашм овардааст.” Эрон мушакҳои қодир ба парвоз дар масофаи 3500 километрро дорад, ки то ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна мерасанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико... Читать дальше...

Тирандозӣ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон

Ozodi.org 

Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар шаҳри Аҳвоз чанд нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Дар гузориш ҳамлаваронро “Афроди мусаллаҳи такфирӣ” номиданд, ки ишорае ба  гуруҳи ба ном Давлати исломӣ аст. Ҳамла рузи 22-уми сентябр сурат гирифт, ҷузъиёти дигаре дар даст нест. Ин хабар такмил мешавад.

NGN - ро дигарбора боз мекунанд?

Ozodi.org 

Ширкати "Тамос" дар Тоҷикистон ба сокинони кишвар истифода аз хадамоти телефонии NGN-ро пешниҳод кардааст. Ин ширкат дар вебсайти расмиаш навишт, ки сокинон бо насби замима ё аплекейшни "Тамос" дар телефонҳои ҳушманди худ метавонанд, шумораи NGN-ро дарёфт кунанд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Теннисисты Медведев и Рублев сохранили позиции в рейтинге ATP






Парк Ветеранов в Мытищах будет открыт 28 июня

В Черноголовке модернизируют коммунальную инфраструктуру

Экспозицию раритетных автомобилей открыли в музее «Автокомбинат» в Можайске

МИД: диалога по безопасности с США не будет без пересмотра антироссийской линии