Вазорати маориф ва донишгоҳи Осиёи Марказӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд
![Вазорати маориф ва донишгоҳи Осиёи Марказӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд](https://gdb.rferl.org/2A5F5BA1-CBCB-4897-B5E6-D7783E06C66A_w800_h450.jpg)
Мақомоти вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар маросиме рӯзи 4 сентябр созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд. Бар асоси ин санад, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ӯҳдадор мешавад, ки дар самти тарбияи мутахассисони маълумоти олии рақобатпазир дар бозори меҳнатии дохилӣ ва хориҷӣ дар улуми гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ амал кунад.
Дар ин бора рӯзи 6 сентябр бахши равобит бо ҷомеаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хабар дод.
Созишнома рӯзи сешанбе дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби вазири маориф Нуриддин Саид ва раиси Шӯрои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шамш Қосим Лакха ба имзо расид.
“Мо итминон дорем, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, ки ба рушди кишварҳои худ ва минтақа мусоидат мекунанд, нақши муҳимеро иҷро мекунад”, гуфт вазири маорифи Тоҷикистон. Шамш Қоссим Лакха, раиси Шӯрои парасторони донишгоҳи Осиёи Марказӣ гуфт, ки “Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо кумаки ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва донишгоҳҳои шарик дар Австралия, Канада, Аврупо ва Русия аз тариқи таҳқиқот ва омӯзиш додани донишҷӯёни боистеъдоди Тоҷикистон ва кишваҳои дигари Осиёи Марказӣ нақши худро дар рушди минтақа густариш медиҳад.”
Мактаби илмҳои инсонӣ ва дақиқи кампуси нави Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба донишҷӯёни Тоҷикистон имконияти беназирро фароҳам меоварад, ки бо ҳамсолони худ аз ду кишвари муассис - Қирғизистон ва Қазоқистон ва ҳамчунин кишварҳои ҳамсоя ба мушкилоти хос ба митақаҳои куҳистони онҳо расидагӣ кунанд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум ҳамчун донишгоҳи дунявӣ, хусусӣ ва ғайритиҷоратӣ бар асоси шартномаи байналмилалии аз ҷониби президентони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва пешвои исмоилиҳои ҷаҳон Карим Оғохони Чорум таъсис ёфтааст. Соли 2018 дар шаҳри Хоруғ кампус ё бахши ин донишгоҳ дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад.