Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2018

Садамаи автобус дар Афғонистон боис ба марги 15 нафар шуд

0
Мақомот дар ғарби Афғонистон мегӯянд, на кам аз 15 нафар, аз ҷумла се зан ва ду кӯдак, ҳангоми бархурди як автобуси мусофирбар ба мошини боркаш кушта шуданд. Ҳодиса саҳарии 21-уми сентябр дар шоҳроҳи Афғонистон-1, ки шаҳри Ҳиротро ба Кобул мепайвандад, рӯй дод.


Мақомот гуфтанд, ки на кам аз 30 нафари дигар дар садама дар минтақаи вилояти Бакво захмӣ шуданд.


Носир Меҳрӣ, сухангӯи волии минтақаи Фароҳ дар суҳбат бо бахши дарии Радои Озодӣ гуфт, ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки автобус аз Қандаҳор ба тарафи Ҳирот ҳаракат дошт. Муҳибуллоҳ Муҳиб, сухангӯи пулиси Фароҳ мегӯяд, ронанда автобуси мусофирбарро тез меронд.


Шоҳроҳҳои нокомил, бепарвоии ронандагон ва мошинҳои куҳнаву заиф аз сабабҳои садама дар роҳҳои Афғонистон гуфта мешавад, ки бар асари ҳар сол садҳо нафар ҷон мебозанд.


 



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса