Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2018

Новости за 03.09.2018

Ронандаҳо аз марзи Туркманистон: сабаби манъи убурро шарҳ намедиҳанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, тавассути шабакаҳои дипломатӣ талош доранд ба қазияи дар марз бо Туркманистон дармондани мошину борҳои марбут Тоҷикистон расидагӣ шавад.

Зани узбектаборе мехост дар дохили ҷомадон ба Туркия ворид шавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Марзбонони турк дар нуқтаи сарҳадие бо Гурҷистон ҷомадони як марди 24-солаи гурҷиро ошкор карданд, ки дар дохилаш  зане пинҳон шуда буд. Дар ин бора рӯзи 2 сентябр расонаҳои гурҷӣ бо такя ба манбаъҳои туркӣ хабар доданд. Сарҳадбонон нахуст ба ҳаҷми бузурги ҷомадоне  таваҷҷӯҳ карданд, ки шаҳрванди Гурҷистон ният дошт бо он вориди Туркия шавад. Ҳангоми кӯшиши гузаштан аз санҷиши паспортиву гумрукӣ, аз мард хостанд, ки  ҷомадонро боз кунад. Вақте ҷомадон боз шуд, дар дохили он як занеро пайдо карданд... Читать дальше...

Ширкати калони японӣ ба манъи воридоти нафти Эрон омода мешавад

Ozodi.org 

Расонаҳои Япония навиштаанд, ки бузургтарин ширкати умдафурӯшии ин кишвар ба қатъи воридоти ашёи хоми Эрон омодагӣ мегирад ва ин амал аз моҳи оянда татбиқ хоҳад шуд. Хабаргузориҳои японӣ 3-уми сентябр гузориш доданд, ки ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки ИМА таҳрими Эронро барқарор намуда, ҳушдор дод, ки сар аз моҳи ноябр ширкатҳои ҳамкор бо бахши содироти нафт ва низоми бонкии Эрон низ мавриди таҳрим қарор мегиранд. Япония ба воридоти нафти хом аз Ховари Миёна эҳтиёҷи шадид дорад. То 80 дарсади  нафти ин кишвар аз Ховари Миёна ворид мешавад.

Ширкати бузурги японӣ ба манъи воридоти нафти Эрон омода мешавад

Ozodi.org 

Расонаҳои Япония навиштаанд, ки бузургтарин ширкати умдафурӯшии ин кишвар ба қатъи воридоти ашёи хоми Эрон омодагӣ мегирад ва ин амал аз моҳи оянда татбиқ хоҳад шуд. Хабаргузориҳои японӣ 3-уми сентябр гузориш доданд, ки ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки ИМА таҳрими Эронро барқарор намуда, ҳушдор дод, ки сар аз моҳи ноябр ширкатҳои ҳамкор бо бахши содироти нафт ва низоми бонкии Эрон низ мавриди таҳрим қарор мегиранд. Япония ба воридоти нафти хом аз Ховари Миёна эҳтиёҷи шадид дорад. То 80 дарсади  нафти ин кишвар аз Ховари Миёна ворид мешавад.

Шурӯи машқҳои низомии кишварҳои НАТО дар Гурҷистон

Ozodi.org 

Дар пойгоҳи низомии "Сенаки"-и Гурҷистон рӯзи 2 сентябр бо иштироки низомиёни даҳ кишвар, аъзои НАТО ва ҳампаймонони он размоиши даҳрӯза таҳти унвони "Руҳи чобук" (Agile Spirit-2018) оғоз шуд, ки 10 рӯз давом мекунад. Дар он 237 низомӣ аз ИМА, Булғористон, Руминия, Латвия, Юнон, Украина, Туркия, Чехия, Эстония ва худи Гурҷистон иштирок доранд. Размоиш дар пойгоҳи низомие баргузор мешавад, ки соли 2008 Русия дар натиҷаи ҳамла ба ғарби Гурҷистон онро тақрибан маҳв карда буд. Размоиши пешин зери... Читать дальше...

Дар садамаи автобусе дар Узбекистон 7 нафар маҷрӯҳ шуд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Бешарики вилояти Фарғонаи Узбекистон автобуси ҳомили 40 мусофир дар ҷӯйи канори роҳ сарозер шуд. Хабар дода мешавад, автобус занону кӯдаконро барои ҷамъоварии мева мебурд. Дар натиҷаи ин садама 7 нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Ҳодиса рӯзи 30 август рух додааст. "Дар натиҷаи садама мусофирон ҷароҳат бардоштанд. Ба ҳамаи онҳо ёрии тиббӣ расонида шуд", - гуфт ба Бахши Узбекии Радиои Озодӣ яке аз табибони бемористоне, ки мусофирон онҷо бистарӣ шудаанд. Гуфта мешавад... Читать дальше...

Нурсултон Назарбоев ба Қирғизистон рафт

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон ба Қирғизистон омад. Ба ҷуз ин Назарбоев дар маросими кушодашавии севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо, ки 2 сентябр дар наздикии кӯли Иссиқкӯл доир гардид, ширкат кард. Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон созмони байналхалқист, ки кишварҳои туркзабони муосирро муттаҳид мекунад. Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия узви ин шӯро ҳастанд. Дар маросими кушодашавии бозиҳои кӯчиҳо президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ҳам ширкат кард.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Дарья Касаткина

Дарья Касаткина с уверенной победы стартовала на травяном турнире в Истбурне






В Истре приступили к выполнению работ по уборке неликвидной древесины

Глава Дубны Максим Тихомиров встретился с дубненскими стобалльниками

Через Владимирскую область пройдёт международный автопробег "Дорогами Победы"

День открытых дверей провели в роддоме Мытищ