Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Декабрь
2018

Новости за 28.12.2018

Пулиси Русия даҳҳо роҳрӯби эътирозгарро дар Маскав боздошт кард

Ozodi.org 

Пулиси Русия дастикам 30 роҳрӯбро, ки бо шикоят аз пардохт нашудани соатҳои изофии корӣ дар назди идораи ҳокимияти ноҳияи Нагорний ҷамъ шуда буданд, боздошт кард. Роҳрӯбҳо мегӯянд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, ба ҷойи кормандони буҷавӣ кӯчаҳоро аз барф тоза кунанд, аммо пул намедиҳанд. Ба гуфтаи ин коргарон, вазифаи онҳо танҳо аз тоза кардани ҳавлии биноҳо иборат аст, на поккории кӯчаҳо. Пойгоҳи "ОВД-Инфо" рӯзи 29-уми декабр хабар дод, ки раиси Шӯрои ноҳия бо эътирозгарон мулоқот кард.  Варвара Грязнова... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 28-уми декабри соли 2018

Ozodi.org 

Коҳиши нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон, ҳамлаи марди сезана ба яке аз ҳамсаронаш дар Самарқанд, азияти шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷумҳурии Адигеяи Русия, ҳамлаи дубора ба блогери тоҷик Саша Массква ва қутоспарварӣ дар Қирғизистон.

Курдҳои Сурия Манбиҷро ба нерӯҳои Башор Асад супуданд

Ozodi.org 

Нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад рӯзи ҷумъа ба шаҳри шимолии Манбиҷ ворид шуданд, ки муддати тӯлонӣ таҳти назорати дастаҳои худдифои Курд буд. Дар изҳороти фармондеҳии Сурия гуфта мешавад, ки нерӯҳо дар заминаи созиши пешакӣ бо Курдҳо "барои ҳимояи аҳолӣ" аз ҳамлаи Туркия ба Манбиҷ ворид шуданд. Тибқи хабарҳо дар шаҳр парчами Сурия баланд шудааст. Пештар аз ин фармондеҳии дастаҳои Курд аз хуруҷи Манбиҷ хабар дод ва нерӯҳои Сурияро расман ба шаҳр даъват кард. Кремл аз гузаштани шаҳр ба назорати нерӯҳои Асад истиқбол кард. Читать дальше...

Раиси ФФА барои дастдарозӣ ба бозигарони зан мамнуъулхуруҷ шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон раҳбари Федератсияи футболро дар заминаи иттиҳоми озори ҷинсӣ ва ҷисмонии бозигарони зан, дар гузашта ва ҳоло, мамнӯъулхуруҷ эълон карданд.  Додситони кулли ин кишвар рӯзи 28 декабр эълон кард, ки раҳбари Федератсияи футбол Киромиддин Карим ва чаҳор узви федератсия ҳақ надоранд аз кишвар хориҷ шаванд. Додситонии кулли Афғонистон рӯзи 5 декабр, чанд рӯз баъди нашри матлаби The Guardian, дар робита ба озори ҷинсии занҳои футболбози Афғонистон, ин панҷ нафарро аз мақом барканор ва ба таҳқиқи қазия оғоз кард. Читать дальше...



Зариф: "Мо кай гуфтем, ки Исроилро нобуд мекунем?"

Ozodi.org 

Мусоҳибаи ахири вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф бо як расонаи фаронсавӣ, ки гуфт, мақомоти кишвараш ҳеҷ гоҳ шиори "нобудии Исроил"-ро сар надодаанд, сару садоҳоеро дар расонаҳо ба миён овард.

Вакилони Ҷохар Тсарнаев лағви ҳукми қатли ӯро дархост карданд

Ozodi.org 

Вакилони Ҷохар Тсарнаев - ҳамлагари марафони Бостон, аз додгоҳ дархост карданд, ки ҳукми қатли зерҳимояи онҳо бекор шавад, зеро ба гуфтаи вакилон баргузор шудани мурофиа дар макони ҳамлаи террористии моҳи апрели соли 2013  баррасии мунсифонаи қазияро ғайриимкон кард.  Вакилони Тсарнаев рӯзи 27 декабр бо ироаи дархости худ ба додгоҳи Бостон эътироф карданд, ки Ҷохар Тсарнаев ва бародари ӯ Темирлан Тсарнаев дар ҳамла ба марафон ё дави Бостон се нафарро кушта, 250 тани дигарро маҷруҳ карданд. Аммо онҳо далел оварданд... Читать дальше...

Президент Трамп ба суолҳои додситони махсуси ИМА посух намедиҳад

Ozodi.org 

Президент Доналд Трамп ба суолҳои додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер дар бораи эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президентии соли 2016 дигар посух намедиҳад. Ин нуктаро вакили дифои президенти ИМА Рудолф Ҷулианӣ дар суҳбат бо Hill TV баён дошт. Ҷулианӣ гуфт, раҳбари Кохи сафед ба гуруҳи додситон иттилои кофӣ пешниҳод кардааст. Вакили дифои Трамп пештар дар суҳбат бо Fox News гуфта буд, ки ба мулоқоти шахсии президент бо муфаттишон мухолиф аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, онҳо эҳтимол дорад, бо суолҳои худ Трампро ба иштибоҳ андозанд. Читать дальше...

Раиси пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон аз Боку ба Бишкек истирдод шуд

Ozodi.org 

Кормандони Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон рӯзи 28 декабр Адамқул Жунусов, раҳбари пешини Хадамоти давлатии гумруки ин кишварро аз Озарбойҷон ба Бишкек оварданд. Нисбати Жунусов моҳи августи соли ҷорӣ бо айби "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" ғоибона айб эълон шуда буд. 28 августи имсол додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон қарори ҳабси Жунусовро содир кард. Ба иттилои тафтишот, аз соли 2013 то 2016 Жунусов бо намояндагони ширкати "А." ва дигар масъулони... Читать дальше...

Ҳомиёни ҳуқуқ: "Латту кӯби Саша Массква бе ҷавоб намемонад"

Ozodi.org 

“Аз қафоям касе дод зад ва пурсид, ки оё ман Саша ҳастам? Ду ҷавон буданд. Посух додам, ки не, хато кардед, Саша нестам. Баъдан тарафи автобус тоб хӯрдам, ки онҳо зарбаи нахустинро бо ашёи номаълуме аз пушти сарам заданд”

Ифтитоҳи бинои нави шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансур

Ozodi.org 

Биноҳои нави шӯъбаҳои КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, ифтитоҳ шуд. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки рӯзи 27-уми декабр дар маросими ифтитоҳи ин бино раиси КДАМ Саймуъмин Ятимов ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд. Манобеи расмӣ мегӯянд, ки ин бино бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз сӯи ширкати сохтмонии "Сабр-Аф" бунёд шудааст. Гуфта мешавад, ки бино аз 4 ошёна, аз ҷумла, 8 ҳуҷраи корӣ, бойгонӣ, анбор, ҳаммом, толори варзишӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Читать дальше...

Таъсиси муассисаи давлатии "Бизнес-инкубатори Тоҷикистон"

Ozodi.org 

Рӯзи 28-уми декабр дар Душанбе маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин нишаст нақшаи кории ҳукумат дар нимсолаи аввали соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, ки дар ин нишаст вазири молияи Тоҷикистон дар бораи будҷаи давлатӣ барои соли 2019 ва ҳамчунин таҳияи нишондиҳандаҳои будҷаи давлатӣ барои солҳои 2020-2022 гузориш додааст. Ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода роҷеъ ба масълаҳои марбут ба иқтисоди кишвар... Читать дальше...

Додситонии Ишқобод ҷамъоварии пул аз волидонро барои Соли нав тафтиш дорад

Ozodi.org 

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мудирони мактаб ва боғчаҳое, ки барои чорабиниҳои солинавӣ аз волидон пул ҷамъ карданд, ба бозпурсӣ даъват мешаванд. Пештар хабар дода шуд, ки дар боғчаҳои пойтахти Туркманистон аз волидон барои таҷлили соли нав 80-манатӣ (ҳудуди 23-долларӣ) талаб доранд. "Додситонии Ишқобод дар асоси шикояти волидон мудирони мактабу боғчаҳоро ба бозпурсӣ даъват мекунад. Волидон шикоят кардаанд, ки мудирҳо барои чорабиниҳои солинавӣ аз онҳо пул талаб доранд", - хабар додааст "Хроника Туркменистана" бо истинод ба як манбаи худ. Читать дальше...

"Сомон Эйр" ба Миср парвоз мекунад

Ozodi.org 

Ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" аз субҳи фардо, 29-уми декабр парвозҳо ба масири Шарм-ул-Шайхи Мисрро оғоз мекунад. Темур Бандишоев, раҳбари раёсати иттилооти ин ширкат ба Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки парвозҳо чартерӣ, яъне дар 10 рӯз як маротиба сурат мегирад. Вай афзуд, ки "масъулони ин парвозҳо ширкати сайёҳии "Компас" аз Қазоқистон буда, дар Тоҷикистон ба ҷалби мусофирон ва сайёҳон ширкати маҳаллие машғул аст". Ба гуфтаи Темур Бандишоев, нархи парвоз бо шумули истироҳати 10-рӯзаи сайёҳон аз 600 доллари амрикоӣ шурӯъ мешавад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Анастасия Потапова

Ролан Гаррос. Расписание 2 июня. Потапова и Швентек сыграют первым запуском, Синнер – последним






Baza: в Москве пятилетний мальчик на детской машине сбил пенсионерку

Спрос на офисную недвижимость растет в столице

Инфекционист Батаев рассказал, чем можно заразиться при купании в водоеме

«Не вздумайте покупать этот чай даже по скидке»: Росконтроль назвал 3 марки, которые в черном списке