Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2019

Новости за 16.08.2019

Чашмҳо ба сӯйи Ҳонконг. Тазоҳурот вориди рӯзҳои сангин шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки аз оғози тазоҳуроти мардумӣ дар Ҳонконг даҳ ҳафта мегузарад, Пекин артиши худро ба ин минтақа раҳсипор кард ва бори нахуст президенти Амрико изҳори нигаронӣ намуд, гуфта мешавад, буҳрон ба марҳалаи сангинтари худ ворид гашт ва пайомадҳояш нигаронкунанда дониста шуданд.

Ахбори Озодӣ аз 16-уми августи соли 2019 (HD)

Ozodi.org 

Нишасти изтирории ҳавопаймои русиро "муъҷиза" номидаанд, сабти симкортҳо бо шиносномаҳои нав то моҳи ҷеврали соли оянда тамдид ёфт, тамрини низомии Тоҷикистону Чин дар Бадахшон хотима ёфт, ҳушдор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва матолиби дигар.



Трамп аз Ҷинпинг хост, ки ба буҳрони Ҳонгконг поён диҳад

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз раҳбари Чин Сӣ Ҷинпиг хостааст, шахсан бо тазоҳургарон дар Ҳонгконг вохӯрда, ба бӯҳроне, ки ҳафтаҳо боз эътирози ҷонибдорони демократияро дар мустамликаи пешини Бритониё ба амал овардааст, поён диҳад.  Ин суханони Трамп рӯзи 15-уми август ҳангоме садо дод, ки Пекин, расонаҳои давлатӣ ва раҳбарони тарфдори Чин дар Ҳонконг гуфтанд, Чин омодааст “нооромиҳоро тез пахш кунад” ва агар бӯҳрон “идоранашаванда” шавад, намехоҳад “даст рӯи даст гузошта, тамошо кунад”. Читать дальше...

Як сайёҳ аз Русия ба дарёи Хингоби Тоҷикистон афтодааст

Ozodi.org 

Як сайёҳ аз Русия ҳангоми гузаштан аз пули болои дарёи Хингоб дар деҳаи Арзунги ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) ба дарё афтодааст. Мақомоти Идораи ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, ҷустуҷӯи ҷасади ӯ чаҳор рӯз боз идома дорад. Ин сайёҳ ҳамроҳи се нафари дигар аз Русия ба тамошои гӯшаҳои Тоҷикистон омада, онҳоро як сокини шаҳри Турсунзода ҳамроҳӣ доштааст.   Рӯзибек Шарифзода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ), рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Ирина Претиковаи 61-сола ва ҳамроҳонаш ният доштаанд... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 16-уми августи соли 2019

Ozodi.org 

Нишасти изтирории ҳавопаймои русиро "муъҷиза" номидаанд, сабти симкортҳо бо шиносномаҳои нав то моҳи ҷеврали соли оянда тамдид ёфт, тамрини низомии Тоҷикистону Чин дар Бадахшон хотима ёфт, ҳушдор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва матолиби дигар.

Расонаҳо: Трамп харидори ҷазираи Гренландия аст

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти ИМА борҳо нимшухиву нимҷиддӣ бо мушовиронаш имконияти харидории ҷазираи Гренландияро баррасӣ кардааст. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба манобеъ дар Кохи Cафед иттилоъ медиҳад. Гренландия вилояти худмухтори кишвари Дания аст. Ҳарчанд ин ҷазира қаламрави бузурге дорад, аммо дар ҳудуди он ҳамагӣ 56 ҳазор одам зиндагӣ мекунад. Трамп аз мушовиронаш пурсидааст, ки оё ИМА метавонад, қонунан соҳиби ин ҷазираи дорои захираҳои бойи табиӣ шавад. Трамп ҳамчунин аз ҳуқуқдонҳои Кохи Cафед хостааст... Читать дальше...

Дар Туркманистон қимати маҳсулот дубора боло меравад

Ozodi.org 

Ба нақли сокинони шаҳри Ишқободи Туркманистон, дар ҳоли ҳозир дар он шаҳр болоравии қимати маҳсулот мушоҳида мешавад. Дар бархе аз мағозаҳои давлатӣ тухму сабзӣ камёфт шудааст. Сокинон мегӯянд, дар бозор ин маҳсулот бо нархи гаронтар фурӯхта мешавад. Дар мағозаҳои давлатии Туркманистон ба сокинон маҳсулоти нисбатан арзон фурӯхта мешавад. Вале дар мағозаҳои хусусӣ ва бозорҳо ин маҳсулот гаронтар аст. Гуфта мешавад, тухми мурғ дар бозорҳо нисбат ба мағозаҳои давлатӣ ду баробар гаронтар аст. Дар ҳоле... Читать дальше...

Ҷанҷоли нобиноёни тоҷик дар остонаи интихоби раиси нав

Ozodi.org 

Интихоби раиси нави ҷамъият ё иттиҳоди нобиноён дар Тоҷикистон, ки моҳи сентябри имсол сурат хоҳад гирифт, ин қишри ҷомеаро ба ду тақсим кардааст. Гурӯҳе аз нобиноёни норозӣ иддао доранд, ки раҳбарияти ҳозираи ҷамъият раъйи онҳоро ба фоидаи худ "медуздад" ва чанд соли дигар бекору дастнигар мегузорад. Вале масъулони ҷамъияти нобиноён ва тарафдорони онҳо гуфтанд, "ҳеч тақаллуб нахоҳад шуд".

"Ҷарима пеши роҳи танфурӯширо намегирад, ҷои кор офаред". Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Симкортҳоятонро дубора ба номатон сабт кардед ё не? Ва оё медонед, ки ҷарима барои танфурӯшӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд? Баҳсу даъво дар сомонаи Радиои Озодӣ ва Инстаграму Фейсбук ин ҳафта дар бораи ҳамин ду мавзӯъ зиёд буд.

"Агар занон зиндагии хуб дошта бошанд, танфурӯшӣ мекунанд?" Озодӣ Онлайн

Ozodi.org 

Симкортҳоятонро дубора ба номатон сабт кардед ё не? Ва оё медонед, ки ҷарима барои танфурӯшӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд? Баҳсу даъво дар сомонаи Радиои Озодӣ ва Инстаграму Фейсбук ин ҳафта дар бораи ҳамин ду мавзӯъ зиёд буд.

Зидди ҳамсари Алмосбек Отамбоев парванда боз шуд

Ozodi.org 

Зидди Раиса Отамбоева, ҳамсари президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, дар доираи парвандаи собиқ раҳбари бахши ислоҳоти додгоҳӣ ва волоияти қонуни дастгоҳи иҷроияи президенти ин кишвар Манас Арабоев айб эълом шудааст. "Имрӯз огоҳ шудам, ки дар доираи парвандаи Арабоев зидди ман айб эълон карданд. Бояд бигӯям, ки ман ҳеч гоҳ ба умури додгоҳҳо дахолат накардаам, зеро медонам, ки сиёсат як чизи ифлос аст ва бинобар ин, кӯшиш мекардам, ба он дахолат накунам", - гуфт Отамбоева. Дар Додситонии... Читать дальше...

Ба Каримҷон барои наҷоти Мавзуна ва Фотима ҷоиза доданд

Ozodi.org 

Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон ба як хонандаи мактаб дар ноҳияи Вахш, ки дар рӯзи Иди Қурбон ду кӯдакро аз марг наҷот дод, ҷоизаи ҷасорат супурдааст. Иди Қурбони имсола барои хоҳарон Мавзунаи 8-сола ва Фотимаи 6-сола қариб бо фоҷиа меанҷомид. Ҳарду ҳангоми идгардак ба дарё афтоданд ва Каримҷон Вализода, хонандаи синфи 11-ум онҳоро аз шохоби дарёи Вахш берун кашид. Хабари наҷоти ду кӯдак рӯзи 12-уми август дар Радиои Озодӣ нашр шуд. Мақомот гуфтанд, баъд аз он Каримҷон Вализодаро ёфта ва ба ӯ сипосгузорӣ карданд. Читать дальше...

Бозигари тоҷик умрбод аз майдони футболи ҳирфаӣ ронда шуд

Ozodi.org 

Абдуазиз Маҳкамов, дарвозабони пешини дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки чаҳор соли ахир дарвозаи тими “Олой”-и Ӯши Қирғизистонро ҳимоя мекард, аз ширкат дар бозиҳои футболи ҳирфаӣ умрбод маҳрум шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Қирғизистон хабар додааст.

Новости России
Москва

Генералов много, а Норат Тер-Григорьянц один!


Ҳуқуқшиносон роҳҳои ҳимояи ҳаққи рӯзноманигоронро меомӯзанд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон ба хотири пуштибонӣ аз рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил як гурӯҳи вакилони мудофеъро омода мекунанд. Онҳо мегӯянд, қонунҳои кишвар озодии баёнро замонат медиҳанд, аммо дар амал ин озодӣ рӯ ба коҳиш ниҳода, ниёз ба ҳимоят дорад.

Муҳлати сабти симкортҳо шаш моҳ дароз карда шуд

Ozodi.org 

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, муҳлати ба қайдгирии симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав то 15 феврали соли оянда тамдид карда шуд. Пештар ин муҳлат то 15-уми августи имсол муқаррар шуда буд.

Таҷовузи гуруҳии як шаҳрванди Узбекистон дар Ҳинд

Ozodi.org 

Шаҳрванди 31-солаи Узбекистон, ки тариқи интернет бо марди ҳиндие ошно шуда буд, баъди расидан ба Деҳлӣ таҷовузи гуруҳӣ шуд. Дар ин бора расонаҳои Ҳиндустон иттилоъ доданд. Хешовандони шаҳрванди Узбекистон низ дар Тошканд бо расонаҳо суҳбат карданд. "Вай бо марди ҳиндӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуд. Хешовандон ба духтар кумак карданд, ки ба Ҳиндустон равад. Ду моҳ пеш вай ба Деҳлӣ рафт. Рӯзи шанбе тамос гирифт ва гуфт, ки "маро заданду таҷовуз карданд". Мо ба вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат кардем... Читать дальше...

Вуруди ду узви мусулмони Конгресс ба Исроил манъ шуд

Ozodi.org 

Исроил вуруди ду узви демократи Палатаи намояндагони ИМА Рашида Тлайб ва Илҳон Умарро ба ҳудуди худ манъ кард. Ин ду нафар нахустин занони мусулмоне ҳастанд, ки узви Конгресси ИМА интихоб шудаанд. Тлайб ва Умар бо интиқодҳои худ аз президенти ИМА Доналд Трамп ва сиёсати Исроил нисбат ба Фаластин маъруфанд. Онҳо ба ҷонибдорӣ аз ҳаракати фаластинии зиддиисроилии "Таҳрим, худдорӣ аз сармоягузорӣ" даъват карда буданд. Бар асоси қонунҳои Исроил, вуруди ҷонибдорони ҳаракати мазкур ба ин кишвар манъ аст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Карен Хачанов

Теннисист Хачанов отреагировал на возможное отстранение от Олимпиады






Мамка прогнала. Зоолог объяснил причины нашествия лосей на Москву

Реконструкция бульвара Победы началась в Белозерском

Свыше 10 юных спортсменов из Белгорода временно перебазировали в Мытищи

Россия возит СПГ в Китай вокруг Африки, несмотря на заверения хуситов