Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Новости за 03.09.2019

Моҷарои издивоҷи духтари 9-сола бо марди 22-сола

Ozodi.org 

Дар пайи нашри филме аз маросими издивоҷи як духтари 9-сола бо марде 22-сола дар Коҳгилуя ва Бойираҳмади Эрон, раиси додгоҳи ин вилоят аз бекор кардани ин ақди никоҳ хабар дод. Масъулони додгоҳ гуфтанд, бар асоси моддаи 50-и қонуни ҳимоят аз хонавода алайҳи мард, наздикони духтар ва марди никоҳкунанда ҷурм эълон шудааст.

Таркиши зарфи газ дар Ҳисор 10 захмӣ ба ҷой гузошт

Ozodi.org 

Тарабхонаи "Шоми қалъа", воқеъ дар шаҳри Ҳисор, баъд аз ду рӯзи таркиши зарфи газ, ки боис ба ҷароҳати даҳ корманди он шуд, дубора ба фаъолият оғоз кардааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр гуфтанд, ки ҳодиса "дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ" рух дод". Вале масъулони тарабхона мегӯянд, "қоидаҳои бехатарӣ дар муассиса ҳамеша риоя мешавад ва таркиши газ тасодуфӣ буд".

"На рӯз хобем, на шаб, аз дасти пашша безор шудем"

Ozodi.org 

Партовгоҳи канори мактаби деҳаи Мавҷи ноҳияи Рӯдакӣ ба андозае домани бадбӯи худро васеъ кардааст, ки бӯи ғализи он ҳатто дар даруни синфхонаҳо ба машом мерасад ва ин боиси нигаронии омӯзгорону дигар бошандагони деҳа шудааст.

Меҳрнигори Рустам: "Ман Green Card-и Амрикоро гирифтам" САДО

Ozodi.org 

Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик, соҳиби Green Card (гринкорт)-и Амрико шудааст ва ҳоло дар Иёлоти Муттаҳида қарор дорад. Ӯ рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "як умр дар он сӯи Уқёнус монданӣ нест" ва дубора ба кишвар бармегардад.

"Гуфтанд, ки як қадам берун равӣ, писаратро мекушем". ВИДЕО

Ozodi.org 

15 сол пеш, рӯзҳои аввали сентябр, Русия шоҳиди як ҳодисаи бесобиқаи террористӣ шуд. Дар шаҳраки Беслани Осетияи Шимолӣ тундравон 1200 нафарро дар дохили мактабе гаравгон гирифтанд. Бӯҳрон то 3-юми сентябр идома карда, шеваи ҳалли он фоҷеабор буд.

Регбӣ дар Афғонистон маҳбуб мешавад

Ozodi.org 

Дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон дар феҳристи саргармиҳои насли ҷавон регбӣ як навъи варзиши дигар илова шудааст. Бо вуҷуди онки шароити созгор онҷо барои ин бозӣ вуҷуд надорад, ҳаваси бачаҳо ба он кам нест.



Даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш. Боз "облава"?

Ozodi.org 

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон моҳи октябр оғоз хоҳад шуд. Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3-юми сентябр фармонеро содир кард. Ба иттилои мақомот маърака то охири моҳи ноябри имсол идома мекунад. Ҳар сол дар баҳору тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ даъват мешаванд. Аммо ҳамеша дар ҷараёни ин маъракаҳо аз ҷалби маҷбурӣ ё “облава”-и ҷавонон ба артиш гузориш шудааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, мақомоти интизомӣ ҳатто фарзандони онҳоро аз дохили хонаву ҷойи кор ба артиш мебаранд. Читать дальше...

"Гуфтанд, ки як қадам берун равӣ, писаратро мекушем"

Ozodi.org 

15 сол пеш рӯзҳои аввали сентябр Русия шоҳиди як ҳодисаи бесобиқаи террористӣ шуд. Дар шаҳраки Беслани Осетияи Шимолӣ тундравон 1200 нафарро дар дохили мактабе гаравгон гирифтанд. Бӯҳрон то 3-юми сентябр идома карда, шеваи ҳалли он фоҷеабор буд.

Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтугӯҳои дуҷонибаро бо Амрико рад кард

Ozodi.org 

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтушунидҳои дуҷонибаро бо Иёлоти Муттаҳида рад кард, гарчанде ки бекор кардани таҳримҳои зидди он имкони гуфтушунидҳои бисёрҷонибаро, аз ҷумла бо онҳое, ки дар соли 2015 созишномаи ҳастаиро имзо кардаанд, фароҳам оварад. Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин рӯзи 3-юми сентябр  дар нишасти кушодаи порлумон гуфтааст, агар гуфтушунидҳои кунунӣ  ҳосили дилхоҳ надиҳад, Эрон омодааст, “рӯзҳои наздик"  ӯҳдадориҳои худро дар созишномаи 2015” коҳиш диҳад.    "Ҳеҷ гуна қарор дар бораи... Читать дальше...

Боздошти падар баъди таваллуд кардани духтари 14-солааш

Ozodi.org 

Дар деҳаи Жани-Пахтаи вилояти Чуйи Қирғизистон рӯзи 29-уми август як духтари 14-сола таваллуд кард. Падари 53-солаи духтар бо гумони таҷовузи фарзандаш боздошт шудааст. Мақомоти умури дохилии он кишвар бо моддаи "таҷовуз" парванда боз кардаанд. "Ҳоло кӯдакро ба оилаи дигар доданд. Баъди анҷоми тафтишот ба рафтори волидон ва табибон баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд", - гуфт Нургул Нусупова, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Чуй. Ба иттилои мақомот, духтари 14-сола фарзанди калонии хонавода аст. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 3-уми сентябри соли 2019

Ozodi.org 

Вазири рус амр додааст, видеои муҳоҷир таҳқиқ шавад Мақомоти Рӯдакӣ гуфтанд, маҷбурӣ пул намегиранд Айнӣ ашъори динӣ ва афкори панисломӣ доштааст Аз фоҷиаи мудҳиш дар Беслан 15 сол гузашт Регбӣ дар Афғонистон маҳбуб мешавад

Додгоҳи Қазоқистон ҷаримаи се фаъоли боздоштшударо бекор кард

Ozodi.org 

Додгоҳи байниноҳиявии шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 2-юми сентбяр ҷаримаи се фаъолеро бекор кард, ки дар рӯзи интихоботи президентии он кишвар боздошт ва ба "ширкат дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ" айбдор шуданд. Ба ин тартиб, додгоҳ дархости фаъолонро қонеъ кард. Алия Избасарова, Айгерим Муҳаммадҷонова ва Жанбота Алжанова шоми 9-уми июн боздошт шуда буданд. Додгоҳ ҳар кадоми онҳоро наздики 130-долларӣ ҷарима карда буд. Фаъолон ба зинаи болоии додгоҳ шикоят бурда, гуфтанд, ки дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ширкат накардаанд. Читать дальше...

Видоъ бо Валерия Порохова, тарҷумони маъруфи Қуръон фардо барпо мешавад

Ozodi.org 

Маросими видоъ бо Валерия (Имон) Порохова, як тарҷумони маъруфи Қуръон ба забони русӣ, рӯзи 4-уми сентябр дар масҷиди марказии Русия воқеъ дар хиёбони "Проспект мира"-и шаҳри Маскав баргузор мешавад. Порохова рӯзи 2-юми сентябр дар Маскав дар 79-солагӣ даргузашт. Ӯро ҳамчун тарҷумони маъруф ва фаъоли ҳуқуқи мусалмонон дар Русия мешинохтанд. Донишмандони улуми Ислом ба тарҷумаҳои Порохова ба забони русӣ баҳои баланд дода, нусхаҳои кори ӯ, аз ҷумла дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо нашр шудааст.... Читать дальше...

Додгоҳи Қирғизистон масҷиди бунёдкардаи президенти пешинро ба ҳабс гирифт

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек масҷиди шаҳраки 7-уми шаҳрро ба ҳабс гирифт. Тафтишот таҳқиқ мекунад, ки президенти пешин Алмосбек Отамбоев маблағи сохтмони масҷиди мазкурро аз куҷо пайдо кардааст. Дар ин бора маркази матбуотии Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод. Қитъаи замини иборат аз як га ва масҷиди мазкур ба номи "Ширкати илмиву истеҳсолии Форум" сабт шудааст, ки ба президенти пешин Алмосбек Отамбоев марбут аст. Масҷиди шаҳраки 7-ум - "7-апрел шейиттери" - моҳи апрели соли ҷорӣ кушода шуда буд. Читать дальше...

Дар Узбекистон хушдоман келину набераи 2-солаашро куштааст

Ozodi.org 

Сокини ноҳияи Ғузори Узбекистон бо гумони куштори бераҳмонаи келин ва набераи 2-солааш боздошт шудааст. Ҷасадҳои пур аз захми корд рӯзи 28-уми август пайдо шуда, гумонбарро низ худи он рӯз дастгир кардаанд. Ба гуфтаи ду манбаъ дар Ғузор, сокини 50-солаи деҳаи "Янгикент" А. А. келини 26-сола -- Р. Э. ва набераашро 28-уми август куштааст ва ҷасади онҳоро дар болопӯше печонда дар хонаи хобашон гузоштааст. Наздикони қурбониён гуфтанд, хушдоман дар пайи як низоъ келинашро ба қатл расондааст. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд... Читать дальше...

Ҳизби ҳокими Гурҷистон вазири дохилиро ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кард

Ozodi.org 

Ҳизби ҳокими “Умеди Гурҷистон” вазири умури дохилӣ Гиорги Гахариаро ба унвони номзад ба мақоми нахуствазири нави ин кишвар пешбарӣ кард. Соҳибкори миллиардер Бидзина Иванишвилӣ, ки раиси ҳизб мебошад, рӯзи 3 сентябр дар поёни ҷаласаи яксоатаи шӯрои сиёсӣ аризаи ҳизбро дар бораи пуштибонӣ аз номзадии Гахариа ироа кард. Мамука Бахтадзе рӯзи 2 сентябр расман эълон кард, ки аз мақоми нахуствазирӣ канор меравад. Бахтадзе, ки дар ин мақом як сол кор кард, гуфт, ки вазифаҳои ба дӯши ӯ гузошташударо ҳал кард ва акнун аз мақомаш канор меравад.

Новости России
Москва

Исполнитель хита “На Заре 2020” Сергей АРУТЮНОВ оживил ещё один хит из 20-го века и выпустил песню “Лететь” вместе с её создателями - группой Амега.


Покистон ба консули Ҳинд иҷоза дод, ки бо "ҷосус" мулоқот кунад

Ozodi.org 

Покистон  ба собиқ афсари нирӯҳои дарёии Ҳинд, ки ҳодисаи дар ҷосусӣ маҳкум шуданаш боиси як моҷарои калони дипломатӣ миёни ду ҳамсояи ҳастаӣ гардид, иҷоза дод, ки бо консули кишвараш мулоқот кунад.  Вазорати хориҷаи Покистон гуфт, рӯзи 2 сентябр ба як дипломати ҳиндӣ иҷоза дод, ки дар Исломобод бо Кулбҳушан Ҷадҳав дар зиндон мулоқот кунад. Амри ташкили чунин  мулоқотро моҳи июл Додгоҳи адолати байналмилӣ содир кард. Додгоҳи байналмилалӣ дар ҳукми худ гуфт, ки бар асоси Эъломияи Вена оид ба равобити... Читать дальше...

Бонки Ҷаҳонӣ Хадамоти алоқаро монеи рушди Интернет дар Тоҷикистон номид

Ozodi.org 

"Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ҳайси таъйинкунандаи сиёсати арсаи мухобирот ва ҳам соҳиби "Тоҷиктелеком" монеи ворид шудани сармояҳои бахши хусусӣ ва рушди интернет шудааст." Ин хулосаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ аст, ки дар як гузориши тоза онро баён кардаанд.

Полиси Русия се ширкатдори эътирозҳои 31 августро боздошт кард

Ozodi.org 

Мақомоти ҳифзи қонун дар Русия се фаъоли мухолифонро боздошт карданд, ки аз ин пештар дар намоишҳои эътирозии Маскав иштирок карданд. Ба иттилои матбуот ва ҳам изҳороти фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзи 2 сентябр Любов Собол, вакили Алексей Навалний, як мунаққиди Кремлин ба идораи полисе дар канори Маскав бурда шуд. Собол боздошту ҳабси эътирозгарони намоиши ғайримуҷози аз ин пешро интиқод карда, мақомоти шаҳри Маскавро дар ин бетартибиҳо гунаҳгор карда буд. Бо вуҷуди он ки мақомот ба раҳпаймоӣ иҷоза надоданд... Читать дальше...

Дар таркиши "Шоми Қалъа" дар Ҳисор 10 нафар маҷруҳ шуд

Ozodi.org 

Бар асари таркиши баллони гази моеъ дар тарабхонаи "Шоми Қалъа" дар шаҳри Ҳисор даҳ нафар захмӣ шудаанд. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 3-юми сентябр гуфтанд, ҳодиса ду рӯз пеш "дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ" рух додааст. Ба иттилои расмӣ, ҳамаи маҷруҳон "коргарони тарабхона буда, дар шифохона бистарӣ шудаанд". Вазъи саломати онҳо "мӯътадил" гуфта мешавад. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Гузориши видеоии хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса дертар дар сомона нашр мешавад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Теннисист Рублев объяснил, почему проиграл сет в первом круге "Ролан Гаррос"






В Тамбове состоялся турнир по теннису, посвящённый Дню химика

«Сергей Лазарев за все платит»: диско-бабушка из Коми рассказала, как ей искали квартиру

Поддержка проектов в области культуры и искусства

Что делает вода с лимоном в желудке, рассказал гастроэнтеролог Садыков