Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Новости за 25.09.2019

Зилзилаи пуршиддате дар Покистон сабаби марги 22 ва ҷароҳати садҳо нафар шуд

Ozodi.org 

Дар шарқи Покистон дар паи зилзилае ба шиддати 5,8 дараҷа  аз рӯи ҷадвали Риҳтер дасти кам 22 нафар кушта ва беш аз 300 тан маҷрӯҳ шуданд. Мақомот гуфтанд, ки  тапиши замин инчунин дар пойтахти Ҳинди ҳамсоя – Деҳлии нав ҳам эҳсос шуд. Бар асосии Таҳқиқоти геологии ИМА, маркази зилзила надик ба шаҳри Мирпури минтақаи Кашмири таҳти маъмурияти Покистон  будааст. Вазири иттилооти Кашмир Муштаф Минҳос гуфт, ки дар зилзила 22 нафар, аз ҷумла занҳову кӯдакон кушта шуданд. Аксари онҳо дар паи хароб ва ба замони рехтани бому деворҳо кушта шуданд. Читать дальше...

Истиқболи гарм аз футболбозони навраси тоҷик

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон баъд аз муваффақият дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба ватан баргаштанд. Даҳҳо ҳаводори футбол соати дувуними шаб ба фурудгоҳи Душанбе барои пешвози футболбозони наврас омаданд.

Фаъолияти Доналд Трампро шаш кумита таҳқиқ мекунад

Ozodi.org 

Палатаи намояндагони Конгресси ИМА таҳқиқи фаъолияти президент Доналд Трампро расман оғоз кард, ки эҳтимол дорад, бо изҳори нобоварӣ ба ӯ бианҷомад. Дар ин бора раиси Палатаи намояндагони ИМА Нэнсӣ Пелосӣ рӯзи сешанбе иттилоъ дод. Ӯ Трампро дар робита ба суҳбати телефонияш бо президенти Украина Владимир Зеленский ба нақзи Конститутсияи ИМА айбдор кард. Як корманди хадамоти махсуси ИМА гуфтааст, Трамп дар ин суҳбат ба Зеленский фишор овардааст, ки дар Украина зидди номзади демократҳои Амрико... Читать дальше...

Кори гумрукчиёни Қирғизистон онлайнӣ назорат мешавад

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон барои мониторинги фаъолияти кормандони гумрук дар гузаргоҳҳои марзӣ ва маконҳои расмиёти гумрукӣ низоми назорати видеоӣ роҳандозӣ хоҳад шуд, ки аз сӯи дастгоҳи Хадамоти гумруки ин кишвар ба тариқи онлайн идора мешавад. Ба огаҳии хадамот, роҳандозии низоми назорати видеоӣ қарор аст, то охири соли равон ба поён бирасад. Дар ҳоли ҳозир насби дурбинҳои назоратӣ дар гузаргоҳҳо ва маконҳои анҷоми расмиёти гумрукӣ ҷараён дорад. Бо кумаки техникии Русия дар доираи раванди пайвастани Қирғизистон... Читать дальше...

Дилшод Назаров ба истифодаи допинг муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Як созмони мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷикро ба истифодаи допинг ё маводҳои нерӯафзо муттаҳам кардааст. Ин созмон рӯзи 24-уми сентябр номи Дилшод Назаровро ба рӯйхати варзишгароне шомил кард, ки бо гумони истифодаи допинг муваққатан аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шудаанд. Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик ва қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро мебошад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар бораи муттаҳам шудани Назаров... Читать дальше...

Истиқболи гарму самимии футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе- аксу навор

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Тими мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон (U-16), ки бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифт, соати 2-и имрӯз ба Ватан баргашт



Истиқболи гарм аз футболбозони навраси тоҷик. АКС

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон баъд аз муваффақият дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба ватан баргаштанд. Даҳҳо ҳаводори футбол соати дувуними шаб ба фурудгоҳи Душанбе барои пешвози футболбозони наврас омаданд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “А”, ки аз 14-ум то 22-юми сентябр дар Урдун баргузор шуд, дар ҳамаи чаҳор бозиаш ғолиб омад ва дар ин гурӯҳ бо 12 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб гашт. Читать дальше...

"То ҳол нафаҳмидем, ки чӣ ҷомеа бунёд мекунем: автократӣ ё демократӣ?"

Ozodi.org 

Як таҳқиқоти байналмилалӣ мегӯяд, Тоҷикистон аз назари дастрасӣ ба илму таҳсил пешрафт карда, вале аз назари озодиҳои сиёсӣ маҳдуд аст. Тоҷикистон бар асоси арзёбиҳои Шохиси пешрафти иҷтимоӣ дар соли 2019 (Social Progress Index) дар миёни 149 кишвари мавриди таҳқиқ дар мақоми 107-ум қарор гирифт. Таҳқиқотро созмони Social Progress Imperative, қароргоҳаш дар Амрико, анҷом додааст. Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, бар асоси арзёбиҳои 12 бахш ё нишондоди пешрафти иҷтимоӣ, дида мешавад, ки дар Тоҷикистон... Читать дальше...

Нафткашҳои қазоқ бо талаби боло бурдани маош корпартоӣ карданд

Ozodi.org 

Даҳҳо корманди "Ширкати байналмилалии нафти СИНОПЭК Қазоқистон" дар вилояти Мангистау бо талаби боло бурдани маош корпартоӣ карданд. Ёвари пармакунанда Ҷонибек Елдешов рӯзи 24-уми сентябр гуфт, кормандони ҳар ду басти ширкат бо талаби 100 дарсад боло бурдани маош аз шоми 23-уми сентябр ба ин сӯ корпартоӣ карданд. Дар шаҳри Актау низ даҳҳо корманд баъди кор бо талаби ҳамсон дар назди коргоҳи ширкат ҷамъ шуданд. Елдешев мегӯяд, онҳо дар ин бора хаттӣ ба бахши ҳизби ҳокими "Нур Отан" дар минтақа... Читать дальше...

Ҷасади вазири пешини умури дохилии Арманистонро бо захми тир пайдо карданд

Ozodi.org 

Ҷасади вазири пешини умури дохилӣ ва сардори пулиси Арманистон Айк Арутюнянро бо захми тир дар 45-километрии шаҳри Ереван пайдо карданд. Дар ин бора бахши армании Радиои Озодӣ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Айк Арутюнян аз ноҳияи сараш тир хурдааст. Арутюнян аз соли 1999 то соли 2003 вазири умури дохилӣ ва солҳои 2003 - 2008 сардори пулиси Арманистон буд. Ӯ дар доираи парвандаи задухӯрди моҳи марти соли 2008 дар Ереван шоҳид буд. Он замон дар натиҷаи задухӯрд бо сокинони норозӣ аз натиҷаи интихобот даҳҳо кас кушта шуда буд. Читать дальше...

Муҳоҷирони узбек дар Латвия аз фиреби корфармо шикоят карданд

Ozodi.org 

Гуруҳи муҳоҷирони кории Узбекистон, ки дар Латвия ба сохтмон машғул ҳастанд, ширкати корфарморо дар иҷро накардани шартҳои созишнома айбдор карданд. Ин муҳоҷирон мегӯянд, давоми 45 рӯзи корӣ ҳамагӣ 100-евроӣ ҳаққи заҳмат гирифтаанд, дар ҳоле, ки корфармо музди моҳонаи 2-3 ҳазоревроӣ ваъда карда буд. "Ибтидои моҳи август 15 коргар тавассути ширкати "Marakanda" ба Латвия рафтанд. Мо бо ширкат ба маблағи 4,2 ҳазордолларӣ шартнома бастем. Аз замони ворид шудан ба кор ба мо 50 евроӣ ва баъди ҷанҷоли дирӯзӣ 50 евроии дигар пардохт карданд"... Читать дальше...

Иштироки гуштигирони навраси тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон (кадетҳо), ки имрӯз, 25-уми сентябр, дар шаҳри Алматии Қазоқистон шуруъ мешавад, ширкат меварзанд. Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон 464 варзишгари наврас (256 писар ва 208 духтар) аз 61 кишвар иштирок менамояд. Писарон дар ҳашт вазн ва духтарон низ дар ҳашт вазн то рӯзи 28-уми сентябр рақобат мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон даҳ писару як духтар шомил аст. Читать дальше...

Эътилофи футболи Узбекистон шартнома бо Эктор Куперро қатъ кард

Ozodi.org 

Сармураббии тими миллии Узбекистон Эктор Купер аз мақомаш барканор шуд,-хабар дод Эътилофи футболи Узбекистон. Эктори Купери аргентинӣ моҳи августи соли гузашта сармураббӣ таъйин шуда буд. Таҳти роҳбарии вай тими миллии Узбекистон дар Ҷоми Осиё-2019 дар марҳилаи 1/8 финалӣ шикаст хӯрда буд. "Эътилофи футболи Узбекистон аз Эктор Купер ва ҳайати мураббиёнаш барои фаъолият дар Узбекистон изҳори сипос мекунад ва орзуи муваффақият дорад", - омадааст дар изҳороти эътилоф. Ҷуброни бекорсозии якҷонибаи шартнома ҳанӯз эълом нашудааст. Читать дальше...

Шеваи нави интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон. Кӣ иҷоза дорад?

Ozodi.org 

Чаҳор бонки Тоҷикистон ба низоми интиқоли фаврии "Сбербанк" -- бонки давлатии Русия -- пайвастаанд. Интиқоли пул аз Русия яке аз хадамоти пурдаромади бонкҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад.  Дар ҳоле ки Бонки Миллии Тоҷикистон талаботро нисбат ба системаҳои маъмулии интиқоли пул сахтар мекунад ва бисёре аз бонкҳо дар пардохти пули фиристодаи муҳоҷирон дар минтақаҳои кишвар оҷиз мондаанд, бонкҳои тозатаъсиси "Коммерсбонки Тоҷикистон" ва "Спитамен Бонк" фаъол ба назар мерасанд. Инак, онҳо ба шеваи нави интиқоли пул аз Русия пайваст шудаанд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Уимблдон

Российские теннисисты подпишут декларацию о нейтралитете для участия в Уимблдоне






Нефть готова продолжить рост на фоне роста ...

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали гражданина, объявленного в федеральный розыск

Томский студент стал победителем отборочного этапа чемпионата "Абилимпикс"

Объем инвестиций в экономику Москвы вырос благодаря поддержке бизнеса