Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2020

Новости за 09.07.2020

Омори нави гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Вазорати тандурустӣ аз сироят ёфтани 46 нафари дигар ба бемории COVID-19 хабар дод. Ин ниҳод гуфт, то рӯзи 9-уми июл дар Тоҷикистон 6410 нафар ба коронавируси нав сироят ёфта, 79 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Ба иттилои мақомот, коронавируси нав то ин дам дар кишвар 54 қурбонӣ доштааст. Вале бархеҳо ба рақамҳои расмӣ шубҳа доранд ва омори ғайрирасмиро аз ин бештар медонанд. Вазорати тандурустӣ ба ҷуз аз пахши рақамҳои умумӣ дар бораи гирифторон маълумоти бештар намедиҳад. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон... Читать дальше...

"Мошин дорӣ, хонаат шиферпӯш аст?" Дар Тоҷикистон камбизоатонро чигуна рӯйхат мекунанд?

Ozodi.org 

Давлатхоҷа Холов чанд рӯз аст, ки барои гирифтани кӯмак ба дари идораи ҷамоат меравад. Давлатхоҷа камбизоат аст ва мехоҳад аз 500 сомоние, ки Бонки ҷаҳонӣ барои афроде мисли ӯ ҷудо кардааст, бенасиб намонад. То ҳол кӯшишҳояш натиҷа надодааст, чун барояш гуфтанд, ҳуҷҷатҳояш дар баррасӣ аст ва номаш ҳоло ба рӯйхати шахсони камбизоат шомил нашудааст. Давлатхоҷа Холов, сокини 45-солаи ноҳияи Рашт мебошад. Дар оила чаҳор нафар ҳастанд ва Давлатхоҷа ягона ноновари хона аст. Ба гуфтаи худаш, ба маъюбӣ нигоҳ накарда... Читать дальше...

Марги дипломати турк дар Туркманистон бар асари пневмония

Ozodi.org 

Як мақом дар сафорати Туркия дар пойтахти Туркманистон, шаҳри Ашқобод аз пневмония даргузашт. Туркманистон танҳо кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки то ҳол расман ҳеҷ як ҳодисаи олудагӣ ба коронавирусро ба қайд нагирифтааст. Вебсайтҳои Turkmen.news ва TRT Avaz media бо такя ба мақомоти номаълум дар сафорати Туркия хабар доданд, ки  мушовири масоили динӣ Кемал Учкун шаби 7 ба 8 июл дар як беморхонаи Ашқобод даргузашт. Бар асоси гузоршҳо, Учкун аз январи оли 2018 дар сафорат кор мекард ва рӯзи 27 июн... Читать дальше...

Вазири тандурустии Қирғизистон ва муовинаш гирифтори илтиҳоби шуш шуданд

Ozodi.org 

Собирҷон Абдикаримов, вазири тандурустии Қирғизистон гирифтори илтиҳоби шуш шудааст. Аломатҳои шабеҳ ба вабои коронавирус дар ҷисми муовини вазир Нурболот Усенбоев мушоҳида мешавад, хабар медиҳанд расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар вазорати тандурустии Қирғизистон. Собирҷон Абдикаримов ва Нурболот Усенбоев айни ҳол коргоҳ намеоянд. То ин замон чанде аз вакилони порлумони Қирғизистон мубталои коронавирус шуданд. Раиси пешини порлумони Қирғизистон Чинибой Турсунбеков аз илтиҳоби шуш фавтид. Рӯзи... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 9-уми июли соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Чанд тан аз мусофирони баргашта ба Тоҷикистон ба карантин фиристода шуданд, зеро гирифтори коронавирус будаанд, талоши бозгати бесарусомони муҳоҷирон ҳомиёни ҳуқуқро нигарон кардааст, додгоҳи Австария истирдоди Ҳизбуллоҳ Шовализодаро ғайриқонунӣ номид, қиссаи як оилаи ниёзманди минтақаи Эсамбой ва оббозии хатарбор дар обанборҳои вилояти Хатлон.

Нигаронии ИА аз маҳдуд шудани озодии баён дар Беларус

Ozodi.org 

Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки аз маҳдудиятҳои озодии баён ва озодии ҷамъомад дар Беларус дар остонаи интихоботи президентии ин кишвар нигарон мебошад.  Намояндаи аршади ИА дар умури хориҷӣ Жозеп Боррелл зимни суханрониаш дар парлумони Аврупо дар Брюссел рӯзи 9 июл гуфт, ки интизор аст базудӣ Беларус намояндагони Аврупоро барои назорат аз интихобот даъат хоҳад кард. Боррелл гуфт: “Ман итминон медиҳам, ки мо ба Беларус дар остонаи интихоботи президентии 9 августи ин кишвар аз наздик таваҷҷӯҳ мекунем.... Читать дальше...



Додгоҳи Австрия истирдоди Шовализодаро ба Тоҷикистон "ғайриқонунӣ" номид

Ozodi.org 

Додгоҳи федероли Австрия истирдоди паноҳҷӯи 29-солаи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализодаро аз Вена ба Душанбе "ғайриқонунӣ" дониста, ба барқарор кардани ҳаққи вуруди ӯ ба ин кишвари аврупоӣ ҳукм баровардааст.

Amazon барои нақзи таҳримҳои ИМА муҷозот шуд

Ozodi.org 

Вазорати молияи ИМА ширкати Amazon-ро барои нақзи таҳримҳои марбут ба Қрими ғасбшуда аз ҷониби Русия, Эрон ва Сурия муҷозот кард.  Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкати маъруфи тиҷоратҳои интернетӣ барои нақзи таҳримҳои аз ҷониби Раёсати назорати маблағҳои хориҷӣ (OFAC) муқарраршуда дар ҳаҷми 134,5 ҳазор доллар ҷаримабандӣ мешавад. Манзур ин аст, ки ширкати Amazon ба афроди таҳти таҳрим ваё нафароне, ки дар Қриму Сурияву Эрон буданд, хадамоти тиҷоратӣ фароҳам кардааст.  Дар изҳороти вазорати молияи ИМА гуфта мешавад... Читать дальше...

Заминларзаи 4-дараҷаӣ Суғд ва Душанберо такон дод

Ozodi.org 

Пеш аз зуҳри имрӯз 9-уми июл заминларзае вилояти Суғд ва шаҳри Душанберо такон дод. Маркази зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ларзиши замин соати 11:39 ба қайд гирифта шуда, марказаш дар ҳудуди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мебошад. Ба иттилои манбаъ, нирӯи заминларза дар маркази он 4 ва дар шаҳри Душанбе 2 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил дод. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст. Читать дальше...

Қодиров дар марги блогнависҳои чечен "хадамоти махсуси хориҷӣ"-ро гунаҳгор кард

Ozodi.org 

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар куштори блогнависҳои чечени муқими Аврупо Мамихан Умаров ва Имрон Алиев сохторҳои махсуси хориҷиро гунаҳкор кард. Умаров рӯзи 4 июл дар канораҳои Вена кушта шуд ва ҷасади Алиев моҳи феврал дар шаҳри Лилли Фаронса пайдо шуд. Ин ду нафар ҳукумати Чеченистон ва шахсан Рамазон Қодировро интиқод мекарданд. Қодиров дар саҳифаи худ дар Телеграм навишт: “Ҳам Анзор аз Вена ҳам Мансури Пир (тахаллуси Умаров ва Алиев), ки аз ҳисоби идеяи дурӯғини ватандӯстӣ пул кор мекарданд... Читать дальше...

Oxfam ба тадбирҳои босуръати зидди гуруснагӣ даъват кард

Ozodi.org 

Oxfam – як созмони байналмилалии зидди гуруснагӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба таври сареъ барои хотима додан ба бӯҳрони гуруснагӣ  иқдом кунанд, вагарна паёмадҳои пандемияи коронавирус сабаб мешавад, ки ҳамарӯза шумори марги инсонҳо ба 12 ҳазор нафар бирасад. Дар гузориши Oxfam аз рӯзи 9 июл омадааст, ки соли ҷорӣ 121 ҳазор нафар ба шумори афроди ниёзманд шомил мешаванд, чун пандемия мушкилоти сартосарии мисли бекорӣ, беназмӣ дар тақсими ғизову захираҳо ва коҳиши ёриҳоро эҷод хоҳад кард. Гузориш мегӯяд... Читать дальше...

Пекин ИМА-ро ба пешбурди сиёсати "корсоз" бо Чин даъват кард

Ozodi.org 

Ван И, вазири умури хориҷии Чин рӯзи 9 июл гуфт, ки равобити ИМА ва Чин аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвар 40 соли пеш бо чолишҳои хеле ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст. Вазири чинӣ сиёсати Вашингтон нисбати Чинро бунёдшуда бар тарси қадимӣ аз коммунизм тасвир кард. Ван И афзуд, сиёсати ИМА дар нисбати Чин бар пояи “арзёбиҳои иштибоҳии стратегиву норасоии далелҳо бунёд шуда, пур аз туғёнҳои эҳсосотӣ ва пешдовариҳои маккартистӣ” мебошад. Ишораи вазир ба муборизаҳои зиддикоммунистии... Читать дальше...

Шумори олудашудаҳо ба коронавирус аз 12 миллион нафар бештар шуд

Ozodi.org 

Шумори гирифторони COVID-19 дар саросари ҷаҳон аз 12 миллион нафар гузашт ва чоряки ин ҳодисаҳо дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд. Олудашавӣ ба коронавирус аз Флорида то Техас  ва аз Аризона то Калифорния дар ҳоли афзоиш аст. Аз замони ошкор шудани вирус дар Чин моҳи декабри порсол, бештар аз ҳама сокинони ИМА аз вирус осеб дида, шумори гирифторшудаҳо аз 3 миллион нафар гузашт ва марги инсонҳо 132,256 нафарро ташкил дод. Аз назари талафоти инсонҳо ҳам ИМА чоряки омори ҷаҳонро ташкил медиҳад, ки 548 ҳазор нафар мебошад. Читать дальше...

Ҷӯробҳои "Made in Tajikistan". Коргоҳе дар Хатлон мехоҳад онро бозоргир кунад

Ozodi.org 

Дар вилояти Хатлон корхонае ба истеҳсоли ҷӯробҳои тоҷикӣ оғоз карда, талош доранд онро ба хориҷа содир кунад. Дар шароите, ки бисёр корхонаҳо аз набудани фазои мусоид барои кор шикоят доранд, "Сомон байк" мехоҳад ҷӯробҳои "Made in Tajikistan"-ро бозоргир кунад. Оиша Шарипова, яке аз даҳ зане аст, ки дар коргоҳи нассоҷӣ ҷӯроб мебофад. Моҳона то 700 сомонӣ маош мегирад. Шарипова мегӯяд, касби ҷӯроббофиро хуб азхуд кардааст. "Ман таҷрибаи ҷӯроббофиро надоштам, вале ҳоло дар коргоҳ омӯхтам ва зиндагиро мечархонам,"-гуфт ҳамсуҳбати мо. Читать дальше...

Дар Узбекистон барои гирифторони коронавирус дар беморхонаҳо ҷой намондааст

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, беморхонаҳои ин кишвар аз гирифторони коронавирус пур шудааст. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ мақомоти он кишвар гуфта буданд, ки 16 ҳазор катро барои гирифторони вируси корона таҳия кардаанд ва ҳамзамон ваъда дода буданд, ки як беморхонаи дорои 10 ҳазор кат барои ин беморон месозанд. Дар Узбекистон чанд гоҳи охир ҳамарӯза 300-350 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад. Ҳабибуллоҳ Оқилов, намояндаи ситоди муқобила бо COVID-19-и Узбекистон гуфт, дар сурати рӯзона то 1000 ҳолати гирифторӣ сабт шудан... Читать дальше...

Баъди ду шаби беназмиҳо дар Сербия аъзои тими изтирории коронавирус ташкили ҷаласа мекунанд

Ozodi.org 

Қарор аст 9 июл тими изтирории муқобила бо коронавируси Сербия баъди шаби дуюми задухӯрдҳо дар Белград дар заминаи вокуниши ҳукумат ба пандемия,  ташкили ҷаласа кунад. Шаби 8 июл полис барои пароканда кардани мардум аз гази ашковар истифода кард. Эътирозҳо баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзи 7 июл президент Александр Вучич гуфт, бо сабаби болоравии ҳолатҳои олудагӣ ба коронавирус дар кишвар дубора карантин ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ мешавад. Вучич рӯзи 8 июл гуфт, ки ӯву мақомот дар фикри ин ҳастанд, ки қуюди шабгардии рӯзҳои истироҳатро бекор кунанд... Читать дальше...

Новости России
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о комфортных автопутешествиях


Баъд аз марги сардухтур таваллудхонаи вилояти Суғдро карантин карданд

Ozodi.org 

Пас аз марги сардухтур, таваллудхонаи вилоятии Суғд дар Хуҷанд таҳти карантин гирифта шудааст. Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ рӯзи 5-уми июл дар беморхонаи сироятии вилоятӣ ҷон дод, ки беморони СOVID - 19 онҷо табобат мегиранд.

Дар Русия раиси вилояти Хабаровск бо гумони куштор боздошт шуд

Ozodi.org 

Субҳи 9 июл намояндагони Кумитаи тафтишоти Русия дар ҳамроҳӣ бо ходимони мусаллаҳи ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ) раиси минтақаи Хабаровск Сергей Фургалро боздошт карданд. Баъди чанде Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки дар фурсати наздик ба Фургал иттиҳом эълон мешавад, ки ба ташкили як қатор кушторҳои фармоишӣ дар минтақаҳои Хабаровску Амурск дар солҳои 2004-2005 рабт мегирад.  Феълан маълум нест, ки мавқеи худи Фургал ба ин қазия чист. Радио Свобода менависад, ки парванда нисбати гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ боз шудааст. Читать дальше...

Дар Қазоқистон 13 июлро рӯзи мотами фавтидагони коронавирус эълом карданд

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ки ба хотири фавтидагони коронавирус дар кишвараш 13 июл рӯзи мотами миллӣ эълом мешавад. "Ин вабо ба гирифтани ҷони қазоқистониҳо идома медиҳад. Пушти омори расмӣ фоҷиаи садҳо хонавода нуҳуфта аст: касе падар, каси дигар модар, бародар, хоҳар, писар ва ё духтарашро аз даст додааст. Ин фоҷиаи умумии мост. Бовар дорам, ҳар касе дар рӯзи мотам ҳар ҷо, ки бошад, хотираи рафтагонро гиромӣ медорад", - гуфт президенти Қазоқистон. Вай ҳамзамон ба шаҳрвандоне... Читать дальше...

Банд мондани 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон дар марзи Қазоқистон

Ozodi.org 

Се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон дар гузаргоҳи марзии "Жибек Жолӣ"-и Қазоқистон дармондаанд. Дар ин бора Сакен Калкаманов, муовини раиси вилояти Туркистони Қазоқистон хабар дод. Ба гуфтаи вай, бештари дармондагон шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳастанд. Ҳафтаи гузашта расонаҳо навиштанд, ки дар гузаргоҳи "Жибек Жолӣ"-и байни Қазоқистон бо Узбекистон наздики 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ шудаанд. Ба навиштаи расонаҳо, бештари онҳо муҳоҷирони меҳнатие ҳастанд, ки дар Қазоқистон кор... Читать дальше...

FIFA қарори интихоби шаҳрҳои Ҷоми ҷаҳонии 2026-ро ба таъхир меандозад

Ozodi.org 

"Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) қарори интихоби шаҳрҳоеро, ки Ҷоми ҷаҳонии 2026-ро мизбонӣ хоҳанд кард, ба иллати пандемияи коронавирус ба таъхир меандозад",- хабар медиҳад хабаргузории Reuters. Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 якбора дар се кишвар - ИМА, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Иёлоти Муттаҳида 17 шаҳр, Канада ва Мексика - ҳар яке се шаҳрро барои бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ номзад пешниҳод мекунанд. Тасмим бояд дар моҳи март гирифта мешуд, вале бинобар пандемияи коронавирус, семинари... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

В России назвали подвигом победу Рублева на "Мастерсе" из-за болезни






Минобороны опубликовало видео Парада Победы в Москве глазами лётчиков ВКС

Лукашенко похвалил парад Победы на Красной площади в Москве

На остров Баунти российских туристов повезут на турецких крыльях

Гандбольный клуб «Чеховские медведи» вышел в финал Суперлиги