Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2021

Новости за 21.04.2021

Молдова шаҳрвандии "Попа"-ро рад кард. Тоҷикистон шиносномаи "Табаров"-ро шарҳ намедиҳад

Ozodi.org 

Мақомоти Молдова гуфтанд, ба шаҳрванди Русия Александр Петров бо номи "Николай Попа" шиносномаи Молдоваро надодаанд. Дар ин бора Оҷонси хадамоти давлатии Молдова рӯзи 20-уми апрел изҳорот дод. Пораҳое аз онро хабаргузории русии ТАСС нашр кард. Оҷонси хадамоти давлатии Молдова масъули таҳияи шиносномаҳо дар ин кишвар аст. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст: "Шаҳрванд бо маълумотнома ба номи Николай Попа, санаи таваллудаш 18-уми июли соли 1979, дар феҳристи давлатии аҳолии Ҷумҳурии Молдова сабт нашудааст. Читать дальше...

Суперлигаи футболи Аврупо лағв шуд

Ozodi.org 

Лоиҳаи мусобиқаи нави баҳсбарангезу пурҳангома - Суперлигаи Аврупо лағв шуд. 12 бошгоҳи футболи созмондиҳанда тасмим гирифтанд, ки лоиҳаи Суперлигаро бекор кунанд, гузориш медиҳад talkSPORT дар Twitter. Рӯзи 20-уми апрел бошгоҳҳо ҷаласаро доир ба бекор кардани мусобиқа баргузор карданд. Қаблан хабар дода шуд, ки бошгоҳҳои футболи англисии "Челси", "Манчестер Сити", "Манчестер Юнайтед", "Ливерпул" ва "Арсенал" барои тарк кардани мусобиқаи нав ҳуҷҷатҳо омода мекунанд. Баъдтар бошгоҳҳои испании “Атлетико”-и... Читать дальше...

Баргузории нишасти Истанбул дар бораи сулҳи Афғонистон бори дувум ба таъхир афтод

Ozodi.org 

Нишасти сулҳи Афғонистон, ки қарор буд 24-уми апрел бо мизбонии Туркия ва бо ҳимояти Амрико дар Истанбул баргузор шавад, то баъд аз Иди Фитр ба таъхир афтодааст. Ин бори дувум аст, ки баргузории ин нишаст ба таъхир меафтад. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия шаби гузашта дар як барномаи телевизионӣ гуфт, нишаст ба он хотир ба таъхир афтод, ки то замони баргузории он фурсати хеле кам монда буд ва бархе аз иштирокчиён наметавонистанд то се рӯзи дигар барои ширкат конфронс омода шаванд. Читать дальше...

Заҳролудшавии сокинон аз решаи як гиёҳ, ки вазири қирғиз тавсия дод

Ozodi.org 

Баҳсҳо атрофи пешниҳоди президент ва вазири тандурустии Қирғизистон дар бораи табобати коронавирус бо маҳлули решаи гиёҳе аз Иссиқкӯл - "аконит" тундтар мешаванд. Як мард дар шаҳри Бишкек баъди истеъмоли маҳлули ин гиёҳ заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфтааст. Ду нафари дигар низ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз он гиёҳ бистарӣ ҳастанд. Дар пайи ин заҳролудшавиҳо фаъолони маданӣ талаб доранд, ки унвони илмии вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев бекор ва зиддаш парвандаи ҷиноӣ кушода шавад. Читать дальше...

Муовини Назарбоев $1 миллиард дороӣ доштааст

Ozodi.org 

Фаъоли маданӣ Жанболат Мамай дар бораи Баурҷон Байбек, шаҳрдори пешини Алмато ва муовини раиси Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон, ки раҳбари он президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев аст, таҳқиқотеро нашр кард. Мамай дар видеое, ки бо номи "Ӯ барои шумо Баук нест" дар саҳифаи Ютуби "Қазоқистони демократӣ" нашр шуд, мегӯяд, Байбек ҳангоми раиси бузургтарин шаҳри Қазоқистон будан бо истифода аз як нақшаи фасодкорӣ дар 4 сол беш аз миллиард доллар даромад ба даст овардааст. Ӯ ғайриқонунӣ... Читать дальше...

Дар Тошканд корбарони "Тик-Ток" барои наворгирии тӯй дар метро ҷарима шуданд

Ozodi.org 

Гуруҳе аз корбарони барномаи "Тик-Ток", ки тӯйи арусиеро дар метрои шаҳри Тошканди Узбекистон ба навор мегирифтанд, муҷозот шуданд. Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Узбекистон, гирифтани аксу видео дар метро манъ нест, вале он набояд боиси нақзи тартиботи ҷамъиятӣ шавад. "Халалдор кардани оромии сокинон дар ҷойи ҷамъиятӣ ва равуо бе ниқоби тиббӣ дар давраи карантин манъ аст", - омадааст дар иттилоияи пулис. Зидди корбарони "Тик-Ток" бо бандҳои "Майдаавбошӣ", "Нақзи қоидаи мубориза бо эпидемия"... Читать дальше...

"Алик-Малик" танҳо дар Кӯлоб нест." ВИДЕО

Ozodi.org 

Аксари корбарони Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳ ба мақола дар бораи гуруҳи, ба гуфтаи сокинон, мардумфиреб дар Кӯлоб навиштанд, ки ин мушкил хоси танҳо як шаҳр нест. Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта дар бораи ҷавононе гузориш дод, ки дар маркази Кӯлоб бо бозие пули садҳо нафар, бахусус мардуми зудбовару муҳтоҷро аз худ кардаанд. Шикоят на танҳо аз кори ин гуруҳ, балки аз рафтори мақомоти интизомии Кӯлоб ҳам буд, ки ба гуфтаи сокинон, фиребгарии қиморбозонро нодида мегиранд ва ё ҳатто онҳоро сарпарастӣ мекунанд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Людмила Самсонова

Самсонова с «баранкой» разгромила Хаддад-Майю и вышла в полуфинал турнира в Страсбурге






Утиные выводки направились из гнезд в водоемы столицы

В Москве запустили первый беспилотный трамвай (видео)

Депутат Матвеев: россияне не смогут носить балаклавы после запрета на никабы

Дроны выпускают в парк // Что означает экспериментальный правовой режим для беспилотников в столичном «Руднево»